Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бюрои марказии миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Директори Бюро: Азизов Абдуғафор Қаюмович – генерал-майори милитсия, 5 январи соли 1963 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 26 сентябри соли 1991.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои зерин кор кардааст:
Ваколатдори калони оперативии шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии РВКД шаҳри Душанбе, ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими ШМЗҶМ дар вилояти Суғди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД, намояндаи ваколатдори Бюрои Ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
Азизов Абдуғафор Қаюмович 19 апрели соли 2017 ба вазифаи директори Бюрои марказии миллии «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, адои вазифа намуда истодааст.
Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 1999 бо «Ифтихорнома» мукофотонида шудааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика