Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

fatozodaСардори Хадамот: Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор – полковники милитсия, таваллудаш 18-уми июни соли 1969, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, соли 1992 Мактаби миёнаи махсуси милитсия ва соли 1999 Мактаби олии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. 

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1990.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: ваколатдори оперативии Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилии собиқ вилояти Кӯлоб, ваколатдори оперативии Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои маводи мухаддири Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, ваколатдори оперативии Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКДН ВКД, ваколатдори оперативии ШМЗҶМ ШКДН Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, ваколатдори калони оперативии ШМЗҶМ РКДН ВКД, сардори шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РМЗҶМ ВКД, сардори шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионии ШМЗҶМ Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, муовини сардор оиди кор бо ҳайати шахсии ШКД дар ноҳияи Шаҳринав, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, сардори ШКД дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, сармутахассис оид ба мониторинги Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, сардори шуъбаи Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии ВКД, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ, сардори Қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб – ӯ низ муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон.
Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Фаттозода А.А. бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ ордени “Спитамен” ва ордени “Шараф” сарфароз гардонида шудааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика