Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Шафизода Рустам Исмоил - генерал-майори милитсия, таваллудаш 23 сентябри соли 1970, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ, олии ҳуқуқӣ ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро ба итмом расонидааст. 

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 01 январи соли 1993. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Ваколатдори оперативии шўъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД ноҳияи Бохтар, ваколатдори оперативии Шўъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Хатлони РМЗҶМ ВКД, муовини сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлони РВКДН ВКД, сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлони РВКДН ВКД, сардори ШВКД ноҳияҳои Шаҳритуз, А.Ҷомӣ ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардори РВКД дар минтақаи Рашт.
Шафизода Рустам Исмоил аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика