Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидзода Маҳмадсаид Борон - муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидзода Маҳмадсаид Борон - генерал-майори милитсия. Соли таваллудаш 1 январи соли 1964, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1-уми марти соли 1991.

Дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Нозири ташкили роҳи ШБДА, бозраси давлатии автомобилии ШБДА, бозраси давлатии автомобилии гурӯҳи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ, сардори Шӯъбачаи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ, сардори ШБДА РКД, сардори Муассисаи нақлиётии РКД вилояти Хатлон, сардори Шӯъбаи бақайдгирӣ - имтиҳонотии Раёсати РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2017 генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Саидзода Маҳмадсаид Борон бо мукофоти давлатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагии зерин сарфароз гардидааст:
- бо ордени «Шараф» дараҷаи II,
- бо медали «100-солагии Матбуоти тоҷик»,
- бо медали «Барои ҳамкории ҳарбӣ» аз ҷониби ВКД Федератсияи Россия,
- бо медали «Барои шуҷоат ва далерӣ» аз ҷониби Иттиҳоди Россиягии собиқадорони Афғонистон,
- бо медали «85-солагии Қӯшунҳои ҳавоии десантӣ» аз ҷониби Иттиҳоди десантчиёни Федератсияи Россия,
- бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ВКД»;
- бо нишони сарисинагии «Барои хизмати аъло дар ВКД»,
- бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Мавсуф аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо зиёда аз 22 медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика