Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ализода Анварҷон Ҷума - полковники милитсия, 5-уми январи соли 1973 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ ва олии иқтисодӣ, соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «иқтисодчӣ», соли 2004 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «ҳуқуқшинос» ва соли 2008 Академияи мазкурро бо ихтисоси «идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 31 августи соли 1998.

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:
Ваколатдори калони оперативӣ, сардори шӯъбача, навбатдори калони оперативӣ, сардори шӯъба, сардори шӯъбачаи мубориза бар зидди гардиши ғариқонунии маводи мухаддири ШВКД, ваколатдори калони оперативии шӯъбаи Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири (РМЗГҒММ) ВКД, муовини сардори шӯъбаи махсуси РМЗГҒММ ВКД, сардори гурӯҳи оперативӣ-сафарбаркунии РМЗГҒММ ВКД, муовини сардори РМЗГҒММ ВКД, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт, сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
23-юми январи соли 2017 ба вазифаи сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Ализода Анварҷон Ҷума аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо мукофоти давлатӣ – медали «20-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нишони сарисинагии «Корманди фахрии ВКД» сарфароз гардонида шудааст. 

Ализода Анварҷон Ҷума айни замон адъюнктанти Шӯъбаи адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ буда, ба корҳои илмӣ шавқу рағбат дорад. Пайваста малакаю маҳорати худро дар ин самт такмил дода, ҷиҳати амиқтар омӯхтани паҳлӯҳои самти ҳуқуқшиносӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика