Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и РБДА ВКД ҶТ

Сардори Марказ: Раҳмонзода Иброҳим Қодир - полковники милитсия, 5-уми декабри соли 1958 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии аграрӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 27 апрели соли 1993. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Командири Ротаи ШКД ноҳияи Ховалинг, муовини командир оид ба ҳайати шахсии Ротаи ППМ ШКД ноҳияи Ховалинг, нозир оид ба амалияи маъмурии ШКД ноҳияи Ховалинг, бозраси калони давлатии автомобилии гурӯҳи бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ дар назди ШКД ноҳияи Ёвон, бозраси калони давлатии автомобилии гурӯҳи бақайдгирӣ-имтиҳонотии ШБДА РКД вилояти Хатлон, сардори шӯъбачаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии ШБДА РКД вилояти Хатлон, бозраси калони давлатии автомобилии ШБДА ШВКД дар ноҳияи Қумсангир, муовини командири Ротаи Хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон, муовини сардори Шӯъбаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Шӯъбаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Маркази низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика