Шоҳиён Аслиддин Назри – муовини аввали Раиси Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Рутбаи низомиаш – подполковники милитсия. 26 августи соли 1982 таваллуд шудааст. Маълумоташ олии сохтмончӣ ва олии ҳуқуқӣ.
Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2005 дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори шӯъбаи техникӣ-назоратии Раёсати сохтмони асосии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар вазифаи ишғолнамудааш аз 20 апрели соли 2012 адои вазифа менамояд. Яке аз варзишгарони беҳтарин дар Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, дорандаи камарбанди сиёҳ, дани 4, устоди варзиш аз намуди кикбоксинг, чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ оид ба таэквандо-WTF ва мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди кикбоксинг мебошад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>