Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти давлатии « Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Хадамот: Раҳмонзода Алихон Футур – генерал-майори хизмати дохилӣ, соли таваллудаш 10 феврали соли 1958, миллаташ: тоҷик, маълумоташ: Олӣ - ҳуқуқӣ. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Медали «Ҷасорат». Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 апрели соли 1987. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Ваколатдори оперативи шӯъбаи 3-юми РКҶ ВКД, ваколатдори оперативи шӯъбаи РКД ВКД, ваколатдори оперативи шӯъбачаи ташкилии методии РКҶ ВКД, ваколатдори калони оперативии шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РКҶ ВКД, сардори шӯъбаи РМЗҶМ-и ВКД, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РМЗҶМ-и ВКД, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонуни маводи мухаддири ВКД, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, сардори Раёсати корҳои ислоҳии ВКД, муовини Вазир, ӯ низ сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фармондеҳи Баталёни фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии (3502) Қӯшунҳои дохилии ВКД, Командири Баталёни 1 фаврии таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилии ВКД, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика