Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Намояндаи ваколатдори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотерапӣ ва прекурсорҳои онҳо

Kudratulo

Назарзода Қудратулло Бобо – генерал-майори милитсия, 20 ноябри соли 1963 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, соли 1986 Мактаби миёнаи махсуси милитсия, соли 1993 Мактаби олии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳайати роҳбарикунанда хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1984.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: ваколатдор-кинологи шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД дар шаҳри Кӯлоб, ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД дар шаҳри Кӯлоб, ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ, ваколатдори калони оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД Ҳукумати шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа), ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ, ваколатдори оперативии шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои зидди шахсияти дар кофтуков қарор дошта ва беному нишон гумшудаи ШКҶ ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, ваколатдори оперативӣ оиди корҳои махсусан муҳими шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои зидди моликияти ШКҶ ШВКД дар шаҳри Кӯлоб ва ваколатдори калони оперативии гурӯҳи кушодани ҷиноятҳои зидди моликияти ШКҶ ШВКД дар шаҳри Кӯлоб адои хизмат намудааст.
Назарзода Қудратулло соли 1993 ба ҳайси сарваколатдори оперативӣ оиди корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза зидди бандитизм ва тамаъҷӯии Сарраёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ, сипас муовини командири баталён оид ба ҳайати шахсии шуъбачаи 1-уми баталёни таъиноти махсуси Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, сардори Шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои яроқноки РМЗҶМ ВКД, сардори шуъбаи байналхалқии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД, сардори ШКҶ РКД дар шаҳри Душанбе, муовини сардори РКД дар шаҳри Душанбе, сардори ШКД ноҳияи Ваҳдат (собиқ Кофарниҳон), сардори шуъбаи 3-юми Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, сардори ШКД дар ноҳияи Файзобод, сардори ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд, сардори ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, сардори Раёсат дар Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин гардида, ба халқу Ватан содиқона хизмат намудааст.
Назарзода Қудратулло Бобо аз 24 январи соли 2020 ба вазифаи намояндаи ваколатдори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотерапӣ ва прекурсорҳои онҳо таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Назарзода Қудратулло Бобо барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва гузоштани саҳми назаррас дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ: ордени “Шараф”, ордени “Спитамен” ва медали “Ҷасорат”сарфароз гардонида шудааст.
Мавсуф ҳамчунин “Корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва барои зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» мукофотонида шудааст.




Рӯйдодҳо

  • ҒОРАТГАРӢ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ 16-солаи ....

    11.07.2020 09:41
  • Хатлон: Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – пешгирӣ аз сироятёбист

    Имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID-19 ....

    10.07.2020 16:15
  • Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар заминаи муноқишаи оилавӣ ....

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани  ....

    10.07.2020 10:10
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.07.2020 10:07
  • Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии ....

    Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии ....

    10.07.2020 10:05
  • Хатлон: Милитсия - наҷотбахшу ҳомии ҳалқу миллат

    Ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ....

    10.07.2020 10:04
  • Пешвозгирии меҳмонон дар минтақаи сайёҳии «Camping Village» дар ноҳияи Айнӣ

    Ҷихати дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    10.07.2020 10:04
  • Одамкушӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    09.07.2020 14:22
  • Бо корд захми гардидани падару писар дар заминаи муноқиша

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи ....

    09.07.2020 14:20
  • Боздошти марди 37-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 43-солаи сокини ....

    09.07.2020 14:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика