Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Нумонзода Раҳматулло Ислом - полковники милитсия, таваллудаш 29 августи соли 1961, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 30 августи соли 1983. 

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Ваколатдори оперативии гурӯҳи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД ноҳияи Қубодиён, сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Қубодиёни Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Хатлони РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон, муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Нумонзода Раҳматулло Ислом 19 апрели соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, адои вазифа намуда истодааст.
Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми феврали соли 2000 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика