Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр - генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 15 январи 1956, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олӣ-иқтисодӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 июли соли 1980. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Нозири шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКД; нозири калони шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД; ваколатдори оперативии шӯъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятхои иқтисодии ШКД; ваколатдори калони оперативии шӯъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятхои иқтисодии ШКД; муовини сардори ШКД; сардори ШКД; иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКД; сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКД; сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД; ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шӯъбаи чорабиниҳои оперативӣ-техникии ВКД; сардори шӯъбаи Раёсати чорабиниҳои оперативӣ- техникии ВКД, муовини сардори Раёсати чорабиниҳои оперативӣ-техникии ВКД, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 19 апрели соли 2017 дар вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика