Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шакли мукаммалкардашудаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» - БОБИ 7. БОЛОРАВИИ МАНСАБИИ КОРМАНДОНИ ПОЛИТСИЯ ДАР ХИЗМАТ

БОБИ 7. БОЛОРАВИИ МАНСАБИИ КОРМАНДОНИ ПОЛИТСИЯ ДАР ХИЗМАТ
Моддаи 46. Болоравии мансабии кормандони политсия дар хизмат
1. Дар политсия болоравии мансабии кормандон дар хизмат тибқи низоми зина ба зина ба роҳ монда мешавад.
2. Интихоб, таъин намудан ба мансаби роҳбарикунанда, пешбарии номзад ба мансаби болоӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ, донишу малакаи касбӣ, интизоми хизматӣ, ташаббускорӣ, ахлоқи намунавӣ, ақидаронии солим ба роҳ монда мешавад.
3. Талаботи тахассусӣ ба захираи кадрӣ чунин мебошад:
1) барои ҳар як мансаби ҳайати политсия талаботҳои тахассусӣ таҳия карда мешавад, ки он аз меъёрҳо вобаста ба сатҳи таҳсилоти касбӣ, собиқаи хизматӣ дар мақомоти политсия ё хизмати давлатӣ, собиқаи хизматӣ (таҷрибаи корӣ) ихтисосӣ, донишҳои касбӣ ва малакаи зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ, сатҳи тайёрии ҷисмонӣ иборат мебошанд.
Талаботи тахассусӣ бо Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ тасдиқ карда шуда, дар Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад;
2) дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсатҳои минтақавии он Комиссияҳои махсуси озмунӣ таъсис дода мешавад, ки дар ҳайати он на камтар аз ду аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия шомил карда мешаванд. Комиссия ҳамасола гузаронидани санҷиши кормандони политсияро оид ба мутобиқ гардонидан ба талаботи тахассусии мансаби ишғолнамудаашон ба роҳ мемонад;
3) пас аз муайян гардидани натиҷаи санҷиш рӯйхати захираҳои кадрии пешбаришаванда ба мансабҳои роҳбарикунанда таҳия карда мешавад. Зимнан банақшагирии барномаи рушди захираҳои кадрӣ, аз ҷумла гузаронидани корҳои инфиродӣ, азнавтайёркунӣ, иваз кардан дар давраи рухсатӣ ва коромӯзӣ бо кадрҳои дар захира қарордошта, таъмин карда мешавад.

Моддаи 47. Тибқи озмун интихоб ва таъин кардани корманди политсия ба мансаб
1. Вазорати корҳои дохилӣ рӯйхати мансабҳои ҳайати роҳбарикунандаи дар асоси озмун таъиншавандаро таҳия мекунад, ки тартиби дар асоси озмун ба мансаб таъин шуданро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ аз ҷониби Комиссияи озмунӣ дар асоси талаботҳои тахассусӣ, ки мутобиқи моддаи 46 Қонуни мазкур тасдиқ карда шудааст, гузаронида мешавад. Дар рафти озмун санҷиши савияи дониши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешавад, ки ба усулҳои баҳодиҳии сифатҳои касбӣ ва шахсии номзад, аз ҷумла озмоишҳои санҷишӣ, саволнома, суҳбатҳои инфиродӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва навиштани иншо оид ба масъалаҳои вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматии минбаъда, истифода шаванд.
3. Ҳангоми баҳодиҳии номзад Комиссияи озмун бояд талаботи тахассусии мансаби дахлдор, дониш ва маҳорату малакаи касбиро ба роҳбарӣ гирад.
4. Маълумот дар бораи вақт ва маҳалли гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ дар сомонаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати политсия ва раёсатҳои минтақавӣ нашр карда мешавад.
Ҳар як корманди Вазорати корҳои дохилӣ, ки ба талаботҳои тахассусӣ ҷавобгӯ й мебошад, ҳуқуқи иштирок дар озмунро дорад.
5. Қарори Комиссия оид ба натиҷаҳои озмун бе иштироки номзад бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё ошкоро бо тарафдории аксарияти аъзоёни дар ҷаласа иштирокдоштаи Комиссия қабул карда мешавад ва он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни дар ҷаласаи Комиссия иштирокдошта ба имзо расонида мешавад
6. Қарори Комиссия барои таъин намудани довталаб ба мансаби холибудаи ҳайати роҳбарикунандаи политсия ё рад намудани таъиноти довталабе, ки дар озмун мағлуб гардидааст, асос мегардад.

Моддаи 48. Аттестатсияи кормандон. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳо
1. Бо мақсади ҷорӣ намудани тарзу усулҳои нави корбарӣ ва механизми самараноки пешгирии кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта, бархӯ рди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ, инчунин баланд бардоштани натиҷаҳои корӣ дар политсия, аттестатсияи кормандон ва ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда гузаронида мешавад.
2. Ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда дар политсия, дар се сол як маротиба амалӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷойивазкунӣ (ротатсия), дар байни аҳолии минтақаи хизматӣ пурсиши сотсиологӣ гузаронида мешавад, ки тартиби онро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Аттестатсия бо мақсади муайян намудани мутобиқатии кормандони политсия ба мансабҳои ишғолнамудаашон гузаронида мешавад, ки он дар се сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар сурати таъин шудани корманди политсия ба мансаби дигар аттестатсияи ӯ баъд аз як соли таъин шуданаш гузаронида мешавад.
Кормандони ҷинси зан, ки дар рухсатии ҳомиладорӣ ё таваллуд, инчунин кормандоне, ки дар рухсатии нигоҳубини кӯдаки то синни сесола буданд, аз аттестатсия баъд аз як соли ба кор баромаданашон мегузаранд.
3. Аттестатсияи кормандони политсия аз ҷониби Комиссияи марказии аттестатсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
а) ҳангоми ба мансабҳои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ таъин шудани довталаб;
б) ҳангоми таъин шудани довталаб барои ишғоли мансабе, ки он аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад;
в) ҳангоми ишғоли мансабҳои роҳбарикунандаи воҳидҳои сохторӣ, ки бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи политсия гузошташуда, таъсис дода шудааст, аз ҷониби муовини Вазири корҳои дохилӣ сурат мегирад;
г) таъинот ба мансабҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Сарраёсати политсия;
д) ҳангоми таъинот ба мансабҳои воҳидҳои сохтории мақомоти политсия дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба истиснои кормандони дар бандҳои б) ва в) қисми 3 моддаи мазкур оварда шуда.
4. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизмат дар политсия, таъмин намудани болоравии мансабии кормандони дар захираҳои кадрии он қарордошта ва бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар хизмат ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандон тариқи таъин намудан ба дигар вазифаҳои роҳбарикунандаи политсия амалӣ карда мешавад.
5. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандон дар доираи як гурӯҳи мансабҳое, ки ҳаҷми маоши онҳо аз ҳаҷми маоши мансабҳои пеш ишғолнамудаашон кам нест, инчунин бо дарназардошти сатҳи тахассусӣ, таҳсилоти касбӣ ва собиқаи хизмат дар политсия гузаронида мешавад.
6. Мансабҳои ҳайати роҳбарикунандаи политсия тибқи тартиби гузаронидани ҷойивазкунӣ (ротатсия), ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ муайян карда шудааст, амалӣ карда мешаванд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика