Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шакли мукаммалкардашудаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» - БОБИ 6. ХИЗМАТ ДАР ПОЛИТСИЯ

БОБИ 6. ХИЗМАТ ДАР ПОЛИТСИЯ

Моддаи 40. Корманди политсия
1. Корманди политсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар мансаби ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда фаъолият карда, ба ӯ бо тартиби муқарраргардида, рутбаи махсуси ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунандаи политсия дода шудааст.
2. Рутбаҳои махсус барои кормандони политсия аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Рутбаҳои махсуси ҳайати роҳбарикунандаи политсия якумра мебошанд ва бо дигар рутбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар эътироф карда мешаванд. Ҳангоми қатъ шудани хизмат дар политсия ба рутбаҳои махсуси мавҷуда, калимаи «мустаъфӣ» илова карда мешавад.
3. Тартиби додани рутбаҳои махсуси политсия тибқи Низомномаи дахлдор, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян карда мешавад.
4. Корманди политсия либоси ягонаи расмӣ дорад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад ва он ройгон дода мешавад.
5. Барои айнияткунонии корманди политсия дар либоси расмии ӯ нишони сарисинагӣ бо қайди рақами шахсӣ ҷойгир карда мешавад.
6. Ба корманди политсия шаҳодатномаи хизматӣ ва нишонаи махсус (жетон) бо рақами шахсӣ дода мешавад, ки намунаи онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 41. Уҳдадориҳои хизматӣ ва ҳуқуқҳои корманди политсия
1. Корманди политсия мувофиқи мансаби ишғолнамуда, дар доираи ваколати худ аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мебарад.
2. Корманди политсия уҳдадор аст:
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти политсияро ба танзим медароранд, донад ва иҷроиши онҳоро таъмин намояд, инчунин бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санҷишҳо гузарад;
- уҳдадориҳои хизматиро мутобиқи оинномаҳои идоравӣ, дастурамалҳои мансабӣ иҷро намояд;
- фармоиш ва супоришоти қонунии роҳбаронро иҷро намояд;
- оид ба масъалаҳои хизматӣ ба сардори бевоситаи худ ва дигар роҳбарон муроҷиат намояд;
- ҳар сол на дертар аз 30 апрел ба воҳиди сохтории кадрӣ ва мақомоти андози ҷои истиқоматаш дар бораи даромадҳо ва молу мулки худ эъломия пешниҳод намояд;
- дар бораи ҳар як ҳолати ба ӯ муроҷиат кардани шахсон бо мақсади моил намудан ба содир кардани қонуншиканиҳои коррупсионӣ, ба сардори бевосита ва сардори болоӣ хабар диҳад.
Агар муайян карда шавад, ки дигар корманди политсия оид ба ҳаракатҳои хусусиятҳои корррупсионидоштаи ин корманди политсия огоҳ шуда, дар ин бора сохтори дахлдори политсияро воқиф накардааст, ин ҳаракатҳои корманди политсия ҳамчун шарикӣ ба қонуншикании коррупсионӣ арзёбӣ карда мешавад;
- тибқи Қонуни мазкур маҳдудиятҳоеро, ки ба хизмат дар политсия алоқаманд мебошанд ва нисбат ба рафтори корманди политсия дахлдоранд, риоя намояд;
- ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳоро риоя намояд.
3. Корманди политсия сарфи назар аз мансаби ишғолкардааш дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст:
- ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи содиршавии ҷиноят, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҳодисаҳои нохуш зарар дидаанд, инчунин ба онҳое, ки дар ҳолати оҷизӣ ё дигар ҳолати барои ҳаёт ва саломатии онҳо хатарнок қарор доранд, кӯмак расонад;
- ҳангоми дар бораи таҳдид ба амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ ба ӯ муроҷиат кардани шаҳрвандон ё бевосита аз тарафи корманди политсия ошкор намудани чунин кирдорҳо, барои наҷот додани одамон ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниро пешгирӣ ва огоҳ намояд, шахсони дар содир кардани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ гумонбарро дастгир намояд, оид ба муҳофизати ҷойи ҳодиса тадбирҳо андешад ва дар ин хусус ба воҳиди наздиктарини политсия хабар диҳад;
- ҳангоми муроҷиат кардан ба шаҳрванд мансаб, рутба ва ному насаби худро муаррифӣ карда, бо талаби шаҳрванд шаҳодатномаи хизматиашро пешниҳод кунад, асоси ҳуқуқии муроҷиат карданашро иброз карда, сипас сабаб ва мақсади муроҷиатро баён намояд;
- ҳангоми ба корманди политсия муроҷиат кардани шаҳрванд, корманди политсия мансаб, рутба ва ному насаби худро муаррифӣ карда, ӯро бодиққат гӯ ш кунад, дар доираи ваколатҳои худ чораҳои дахлдор андешад ё фаҳмонад, ки ҳалли масъалаи гузошташуда ба ваколати кадом мақомот ё шахси мансабдор мансуб аст.
4. Корманди политсия уҳдадор аст забони давлатиро донад, арзишҳои миллиро эҳтиром ва арҷгузорӣ намояд.
5. Корманди политсия дар рафти иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор қатъ кардани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқиро талаб намояд, ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва ё ваколатҳои онҳоро тасдиқ мекунанд, мавриди санҷиш қарор диҳад;
- тибқи қарорҳои қабулнамудаи мақомоте, ки барои муҳофизат аз офатҳои табиӣ ва дигар офатҳо ваколатдор шудаанд, дар хусуси ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк аз зарар, нобудшавӣ, дуздӣ ва риоя накардани дигар шаклҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ё ин ки барои пешгирӣ намудани зараре, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ё дигар офатҳо расонида шудааст, ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо оид ба андешидани чораҷӯ иҳо супориш диҳад;
- бо дастурамалҳои мансабӣ, ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманди политсия, меъёрҳои баҳодиҳии уҳдадориҳои хизматӣ, нишондиҳандаҳои фаъолияти хизматӣ ва шартҳои болоравии мансабӣ дар политсияро муайян мекунанд, шинос шавад;
- бо тартиби муқарраргардида аз тайёрии касбӣ, коромӯзӣ, бозомӯ зӣ, ва такмили ихтисос гузарад;
- дар мавриди поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ ба суд муроҷиат намояд;
- гузаронидани санҷиши хизматиро ба таври хаттӣ талаб намояд.
6. Корманди политсия дар рафти иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ сарфи назар аз мансаби ишғолнамуда ва маҳали қарор доштааш ҳуқуқ дорад:
- аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор қатъ кардани ҳаракатҳои ғайриқонуниро талаб намояд;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандон ё ваколатҳои шахсони мансабдорро санҷад;
- дар ҳолатҳои таъхирнопазир барои расидан ба ҷойи содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ё пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо, таъқиб намудани шахсони ҷиноят содиркарда ё дар содир кардани он гумонбаршуда, ба муассисаҳои тиббӣ расонидани шаҳрвандоне, ки ба ёрии таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, барои аз ҷойи садама бартараф намудани воситаҳои нақлиёти зарардида, аз воситаҳои нақлиёти ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон (ба истисно аз воситаҳои нақлиёте, ки ба намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда тааллуқ доранд) ва дар ҳолатҳои истисноӣ аз воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон истифода барад;
- шахсони дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбар шударо, то омада расидани намояндагони воҳиди ҳудудии политсия ё намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир намояд, чунин шахсонро ба бинои хизматӣ, воҳиди ҳудудии политсия ё дигар бинои хизматӣ таҳвил намояд.

Моддаи 42. Хизмат дар политсия
1. Ба хизмат дар политсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш на кам аз 20 (барои занон на кам аз 18) ва на зиёда аз 30 сола мебошад, забони давлатиро медонад, таҳсилоти на кам аз миёнаи умумӣ дорад, аз рӯ и сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, кордонӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи политсия вогузоршуда мебарояд, хизмати ҳарбиро адо кардааст (ба истисно аз занон ва курсантҳои муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешавад.
Сиёсати кадрии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҷалби занон ва мардон аз ҳамаи табақаҳои ҷамъият, аз ҷумла ақаллиятҳои этникӣ равона карда мешавад, ки мақсади асосӣ - ин расидан ба ҳадафҳои умумӣ, таъсиси хадамоти политсияи ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа мебошад.
2. Ба муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш на кам аз 15 сола мебошад ва таҳсилоти миёнаи ҳатмии асосӣ ва умумӣ дорад, қабул карда мешавад.
3. Шахси ба хизмат дар политсия қабулшаванда аз қайди ҳатмии давлатии дактилоскопӣ гузаронида мешавад.
4. Ба хизмат дар политсия шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доранд сарфи назар аз муҳлати адои ҷазо, (ба истиснои онҳое, ки нисбаташон ҳукми сафедкунӣ қабул шудааст), аз ҷумла онҳое, ки бо асосҳои ғайрисафедкунӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд, инчунин агар хешовандони наздикашон дар содир намудани ҷиноятҳои қасдона гунаҳкор эътироф шуда бошанд ва ин ҳолат ба обрӯю нуфузи шахсе, ки политсияро намояндагӣ мекунад таъсир расонад, қабул карда намешаванд.
5. Ишғол кардани мансабҳои холӣ дар политсия дар асоси озмун, бо роҳи бастани шартнома сурат мегирад.
Мақсади асосии озмун ин баҳодиҳии сатҳи касбии довталабон ва мутобиқатии онҳо ба талаботҳои тахассусии муқарраргардидаи мансабҳои роҳбарикунандаи политсия мебошад.
6. Политсия бо кормандони барои хизмат кирояшуда шартномаҳои муҳлатнок ва бемуҳлат мебандад. Муҳлати шартномаи муҳлатнок то 5 сол муқаррар гардида, сипас бо розигии тарафайн шартнома метавонад ҳар 5 сол тамдид карда шавад. Шартнома барои хизмат бояд уҳдадориҳои ҳар ду тараф ва кафолатҳои таъмини ҳуқуқҳои корманд ва коргари политсияро пурра дарбар гирад. Бо шахсоне, ки ба муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва дар хориҷи кишвар ба таълими асосии ройгон фаро гирифта мешаванд, бастани шартномаи ҳатмӣ ба муҳлати на кам аз 5 сол муқаррар карда мешавад. Дар сурати иҷро накардани шартҳои шартнома дар давоми таҳсил ё баъд аз хатми он, маблағҳои барои таълим сарфшуда аз ҳисоби волидайн ё намояндагони қонунии кафилшудаашон ситонида мешаванд.
7. Ҳангоми қабул шудан ба хизмат корманди политсия Савганд ёд мекунад, ки матни онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Дар баробари ин корманди политсия уҳдадориҳо ва маҳдудиятҳоеро, ки бо хизмат дар политсия алоқаманд мебошанд, ба зимма мегирад.
8.Уҳдадорони ҳарбӣ, ки ба хизмат дар политсия қабул шудаанд ва курсантҳои муассисаҳои таълимии махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида аз қайди ҳарбӣ бароварда шуда, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд. Масъалаи додани рутбаҳои махсуси политсия ба уҳдадорони ҳарбӣ, ки рутбаҳои ҳарбӣ доранд, бо тартиби аттестатсионӣ баррасӣ карда мешавад.
9. Корманди политсия ҳангоми ба мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан, то ба итмом расидани муҳлати ваколаташ дар ҳайати эҳтиётии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мемонад.
10. Корманди политсия дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои иҷрои вазифаҳои махсус ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ё ташкилотҳои тобеи он бо монондан дар захираи кадрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад. Ба шахси мазкур тамоми ҳуқуқу имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии барои кормандони политсия муқарраргардида, нигоҳ дошта мешавад.
11. Муҳлати фаъолияти корманди политсия дар вазифаҳои дар қисмҳои 8 ва 9-и ҳамин модда зикргардида, ба муҳлати хизмат барои гирифтани рутбаи навбатӣ, иловапулӣ барои давомнокии хизмат, рухсатии меҳнатӣ ва баромадан ба нафақа аз рӯи собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад.
12. Баъд аз ба охир расидани муҳлати ваколат ва вазифаҳои дар банди 8 ва 9 ҳамин модда зикргардида, бо хоҳиши корманди политсия ӯро ба вазифаи пешинааш ва агар он вазифа вуҷуд надошта бошад, ба дигар вазифаи баробар таъин карда мешавад.
13. Муносибатҳои меҳнатии корманди политсия, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 43. Озмоиш ҳангоми қабул шудан ба хизмат дар политсия
1. Бо мақсади омӯ зиши сатҳи омодагӣ ва мутобиқати шаҳрванде, ки барои хизмат дар политсия қабул карда мешавад ва ба мансабе, ки довталаб мебошад, шаш моҳ муҳлати озмоишӣ муқаррар карда мешавад. Шаҳрванди мазкур дар марҳилаи озмоиш ба мансаби дахлдор, ба сифати коромӯз таъин карда мешавад.
2. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар курси ниҳоӣ аз рӯ и ихтисос дар воҳиди политсияе, ки ӯро ба таҳсил фиристодааст, коромӯзӣ менамояд ва барои ишғоли мансаб аз рӯ и касб, аз тарафи роҳбари он аз аттестатсия гузаронида мешавад.
3. Ба коромӯз муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат паҳн мегардад.
4. Муҳлати коромӯзӣ ҳамчун хизмат дар политсия ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 44. Тартиб ва шартҳои адои хизмат дар политсия
1. Барои кормандони политсия давомнокии умумии вақти корӣ дар асоси қонунгузорӣ дар бораи меҳнат муқаррар карда мешавад.
2. Ҳангоми зарурат корманди политсия метавонад ба иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ зиёда аз вақти муқарраргардида, инчунин шабона, дар рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб карда шавад, ки бо маблағи пулӣ ҷуброн карда мешавад. Корҳои зиёда аз меъёр набояд бештар аз чор соат дар давоми ду рӯз паиҳам бошанд ва бояд ҳатман маблағ пардохт карда шавад. Миқдори умумии соатҳо барои кори зиёда аз меъёр дар як сол бояд аз 120 соат зиёд набошад.
3. Ба корманди политсия рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ, бе ҳисоб кардани вақти рафтан ба ҷои истиқомат ё истироҳат ва бозгашт бо пардохти арзиши роҳкиро, дода мешавад.
4. Ба корманди политсия, ки дар маҳалҳои шароити иқлимашон душвор ва номусоид адои хизмат менамоянд, сарфи назар аз собиқаи хизматӣ рухсати меҳнатии асосии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 45 рӯзи тақвимӣ, дода мешавад.
5. Ба корманди политсия рухсатии пардохтшавандаи иловагӣ ба муддати зерин дода мешавад:
- баъди 10 соли хизмат – 5 рӯзи тақвимӣ;
- баъди 15 соли хизмат – 10 рӯзи тақвимӣ;
- баъди 20 соли хизмат – 15 рӯзи тақвимӣ.
6. Ҳангоми ба рухсатии меҳнатӣ баромадани корманди политсия, ба ӯ ёрдампулии якдафъаина дар ҳаҷми ду маоши моҳона пардохт карда мешавад.
7. Ба корманди политсия ташкил ва иштирок намудан дар корпартоиҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо, роҳпаймоиҳо манъ аст.
8. Дар политсия таъсис додан ва фаъолият намудани ҳизбҳои сиёсӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ҳадафҳои сиёсӣ доранд, бурдани таблиғот ба манфиати ҳизби сиёсӣ, инчунин аъзогии корманди политсия дар фаъолияти иттиҳодияҳои мазкур, манъ аст.
9. Тартиб, муҳлат ва дигар шартҳои хизмат дар политсия бо Низомномаи адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, ба танзим дароварда мешавад.
10. Барои кормандоне, ки вазифаҳоро оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар шароити вазъияти ҳарбӣ ё вазъияти фавқулода, низои мусаллаҳона, гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ, бартарафсозии оқибати садамаю офатҳои хусусияти табиӣ ва техногенидошта ва дар шароитҳои дигаре, ки бо хавфи калон ба ҳаёт ва саломатӣ, ба тағйирёбии низомӣ, реҷаи вақти хизматӣ ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои иловагӣ алоқамандро иҷро менамоянд, собиқаи хизмати як моҳ ба се моҳ баробар ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 45. Озод кардани корманди политсия аз хизмат
Кормандони политсия бо асосҳои зерин (бо истодан дар қайди ҳарбӣ) аз хизмат ба эҳтиёт озод карда мешавад:
а) бо хоҳиши худ;
б) бо расидан ба ҳадди синну соле, ки Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ муайян намудааст;
в) бо расидани муҳлати собиқаи хизматӣ, ки ба нафақа ҳуқуқ медиҳад (бо ташаббуси корманди политсия ё бо розигии ӯ );
г) баъд аз тамом шудани муҳлати хизмат, ки дар шартнома нишон дода шудааст;
д) бо сабаби вайрон намудани шартҳои шартнома;
е) бо ихтисори штатҳо (ҷойҳои корӣ);
ж) аз сабаби беморӣ - дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ дар бораи корношоями барои хизмат дар политсия;
з) аз сабаби маҳдудияти вазъи саломатӣ - дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ оид ба маҳдудияти коршоямӣ ба хизмат ва иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизматӣ аз рӯи вазъи саломатӣ мувофиқи мансаби ишғолкарда ҳангоми набудани имконияти ҷойивазкунӣ дар хизмат;
и) аз рӯи натиҷаи аттестатсия маълум намудани нокифоягии тахассусӣ ва мувофиқат накардан бо мансаби ишғолкарда;
к) ҳангоми мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ;
л) барои содир намудани амале, ки ба шаъну эътибори корманди политсия доғ меорад;
м) ҳангоми аз ҷониби корманди политсия пас аз як моҳи ба охир расидани ваколати хизматӣ дар вазифаҳои дар қисмҳои 8 ва 9 моддаи 42 зикргардида, огоҳ насохтани мақомоти корҳои дохилӣ;
н) ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд.
Корманди политсия, ки ҷиноят содир намудааст, баъди эътибори қонуни пайдо намудани ҳукми суд оид ба маҳкум шуданаш барои содир кардани ҷиноят, аз хизмат озод карда мешавад.
Курсанте (ҷинси мард), ки барои ақибмонӣ ва беинтизомӣ аз муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ хориҷ карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои хизмати ҳарбӣ фиристода мешавад, ба шарте, ки агар ҳангоми хориҷ шудан муҳлати муқаррарии хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо накарда бошад ё барои хондан барқарор карда нашуда бошад.
Муддати таҳсил дар муассисаи таълимӣ бо ҳисоби як моҳи хониш баробар ба як моҳи хизмати ҳарбӣ бо даъват ҳисоб карда мешавад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика