Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шакли мукаммалкардашудаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» - БОБИ 4. ВАКОЛАТҲОИ ПОЛИТСИЯ

БОБИ 4. ВАКОЛАТҲОИ ПОЛИТСИЯ
Моддаи 24. Ваколатҳои политсия ҳангоми пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо
Политсия ваколатдор аст:
1) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ, қатъ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳоеро, ки ба амалӣ намудани ваколатҳои политсия мамониат мекунанд, талаб намояд ва дар сурати иҷро накардани чунин талабот аз чораҳои маҷбуркунонии пешбининамудаи Қонуни мазкур истифода барад;
2) барои бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии қонуншиканиҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо оид ба зарурати андешидани тадбирҳо бо зикри муҳлати бартарафсозӣ ва хабар додан аз иҷрои он пешниҳод манзур намояд, ҳангоми саривақт иҷро накардани талаботи пешниҳодот, масъалаи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъулро андешад;
3) шахсони ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамударо маҷбуран ба политсия таҳвил диҳад ва нисбати онҳо маводҳои зарурӣ тартиб диҳад;
4) дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои гумонбар донистани шахс дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти онҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои заруриро, ки барои риояи қоидаҳои назоратбарии чунин шахсон ба зиммаи политсия вогузор шудаанд, талаб намояд;
5) дар азназаргузаронии бор ва бағоҷи мусофирони нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ иштирок намояд;
6) дар доираи салоҳияти худ дар гузаронидани муоинаи пеш аз парвоз ва пас аз парвози сарнишинон (аъзои экипаж), дигар кормандони авиатсияи гражданӣ, захираҳои дохили ҳавопаймоҳо, борҳо ва почта иштирок намояд;
7) боздоштшудагонеро, ки шахсияташон маълум нест, бо иҷозати суд (прокурор) барои муайян намудан ба Қабулгоҳи оворагардону гадоёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намояд. Муҳлати амалӣ намудани ин чорабинӣ то як моҳ, дар ҳолатҳои истисноӣ аз тарафи суд (прокурор) ин муҳлат то ду моҳ тамдид карда мешавад;
8) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, ашё ва дигар далелҳоро ба қайд гирад ва ин маълумотҳоро барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ истифода барад;
9) системаҳои иттилоотӣ, техникаи сабти видеоӣ ва овоз, дастгоҳҳои аксбардорӣ, инчунин дигар воситаҳои техникӣ ва махсусеро, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ҳамчунин ба муҳити атроф зараровар нестанд, дар фаъолияти хизматӣ истифода барад, пешбурди махзани видео ва видеотекаҳои шахсони бо парвандаҳо ва маводи санҷишҳои политсия дахлдоштаро амалӣ намояд, махзани маълумоти оперативӣ - маълумотдиҳӣ, криминалистӣ, оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва иттилооти дигарро дар бораи шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, ашёҳо ва далелҳо таъсис дода, истифода барад, махзани маълумоти дигар мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, аз ҷумла маълумоти шахсии шаҳрвандонро тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд;
10) дар байни шаҳрвандон, шахсони мансабдор, ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ташфиқоту тарғиботи ҳуқуқӣ барад;
11) корманди политсия баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор ҳуқуқ дорад силоҳи хизматӣ ва воситаҳои махсусро бо худ нигоҳ дорад ва истифода барад;
12) корманди политсия барои таъмини амнияти шахсӣ ва дигар шахсон метавонад аз силоҳи хизматӣ, тоскулоҳ, сипар, гази ашковар, нимтанаҳои зиреҳдор ва воситаҳои дигари муҳофизатӣ истифода барад;
13) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва зарурияти воқеӣ, корманди политсия қувваеро, ки ба дараҷаи қувваи ба муқобили ӯ ва шахсони дигар истифодашаванда мутаносибро асоснок истифода барад.
Моддаи 25. Ваколатҳои политсия оид ба муайян ва ошкор намудани ҷиноят
Политсия ваколатдор аст:
1) шахсони дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда ва нисбаташон чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ шударо дастгир намояд ва то таҳвил додан ба ҷойи нигаҳдорӣ, дар ҳабс нигоҳ дорад;
2) шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро вобаста ба парвандаҳо ва маводҳое, ки дар пешбурди политсия қарор доранд, тариқи шифоҳӣ ё бо истифода аз каналҳои техникии алоқа ё ин ки, хаттӣ даъват намояд, дар сурати саркашӣ кардан онҳоро маҷбуран оварад;
3) барои муайян намудани далели истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва дигар воситаҳои мадҳушкунанда гумонбаронро аз шаҳодаткунонӣ ва муоина тиббӣ гузаронад;
4) шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд, ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ғайриқонунӣ воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, мадҳушкунанда ва заҳролудро истеъмол мекунанд, барои оворагардӣ, гадоӣ ва фоҳишагарӣ дастгир шуда, ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, шахсияташон муайян набошад, аксбардорӣ, сабти аудио-видеоӣ ва бақайдгирии дактилоскопии онҳоро гузаронад;
5) дар доираи салоҳияти худ ташхисҳои судии давлатӣ ва тадқиқоти криминалистӣ гузаронад;
6) бо мақсади огоҳонидан, пешгирӣ намудан ва ошкор кардани ҷиноятҳо, ҷустуҷӯ и ҷинояткорони пинҳоншуда, шахсони бедарак гумшуда ва муайян намудани ҷасадҳои шахсияташон номаълум фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯ иро амалӣ намояд, маълумотҳоро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникӣ ба даст овардашударо, истифода барад;
7) барои пешгирии бетартибиҳои оммавӣ ва вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, ҳангоми таъқиб ва дастгир кардани маҳкумшудагони фирорнамуда ва шахсони ба ҳабс гирифташуда, ҷустуҷӯ и ҷинояткорон ва шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд, инчунин ҳангоми ҳолатҳои дигари фавқулода, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, минтақаҳои маҳал, иншоот, иморати алоҳида ва воситаҳои нақлиётро иҳота карда, азназаргузаронии онҳоро амалӣ намояд;
8) ҳангоми бевосита пешгирӣ намудани ҷиноятҳо, таъқиби шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд ва дар ҳолатҳои фавқулодае, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, ба хонаҳои истиқоматӣ, ҳудуд ва бинои ташкилотҳо, қитъаҳои замини шахсони алоҳида дохил шавад (ба истиснои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта), чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ гузаронад, вобаста ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ё маводи санҷишӣ бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи хизматӣ, бе мамониат ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташриф оварад, бо ҳуҷҷатҳои лозимӣ шинос шавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ, онҳоро гирад;
9) ҳангоми мавҷуд будани маълумоти диқиқ дар бораи ҷинояти содиршуда ва шахсони онро содир намуда, дар соҳаи фаъолияти молиявӣ (бонкӣ ва хазинадории буҷетӣ), хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ ва савдо ба биноҳои ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон (ба истисно аз намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта) ворид шавад, бо иштироки соҳибмулк ё намояндаи ваколатдори ӯ азназаргузаронии биноҳои истеҳсолӣ, савдо ва дигар биноҳои хидматӣ, воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи моликиятро анҷом дода, дар доираи салоҳияти худ ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб диҳад.

Моддаи 26. Ваколатҳои политсия оид ба огоҳонидан, пешгирӣ кардан, ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Политсия ваколатдор аст:
1) ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ шахсро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад ё дар ин бобат маводи заруриро тартиб дода, барои баррасӣ ба суд (судя) ирсол намояд;
2) шаҳрвандонро аз рафтори ғайриқонунӣ ба таври расмӣ огоҳ намояд ва онҳоро ба қайд гирад;
3) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳуҷҷатҳои аломатҳои сохтакорӣ дошта, мол, ашё ва моддаҳои дар муомилоти шаҳрвандӣ манъбуда ё аз муомилот баровардашуда ва ё муҳлати истифодабариашон ба охир расидаро мусодира намояд, моликияти бесоҳибро нигоҳ дорад ва масъалаи мансубияти минбаъдаи онро ҳал намояд;
4) ҳангоми мавҷуд будани маълумоти дақиқ дар бораи мол ва ашёе, ки муомилоташон манъ ё маҳдуд мебошад, бо азназаргузаронии шахсӣ, бори дастӣ ва бағоҷи мусофирони ҳавопаймоҳои гражданӣ, ҳарбӣ, киштиҳо, қатораҳои роҳи оҳан ва воситаҳои нақлиётро анҷом диҳад.

Моддаи 27. Ваколатҳои политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандан
Политсия ваколатдор аст:
1) шахсони дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ қарордошта, ки намуди зоҳирии онҳо шаъну шарафи инсонӣ ва ахлоқии ҷомеаро таҳқир мекунанд ва қобилияти мустақилона роҳ рафтанро надоранд ё ин ки метавонанд ба атрофиён ва худашон зарар расонанд, инчунин шахсони дар манзилҳояшон дар ҳолати мастӣ қарордоштаро, ки агар рафтори онҳо боиси хавфу зарар ба ҳаёт, саломатӣ, молу мулки шуморида шавад, дар асоси аризаи шифоҳӣ ё хаттии сокини он манзилҳо, чунин шахсонро барои нигоҳ доштан, ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи мақомоти тандурустӣ (ҳушёрхонаи тиббӣ) таҳвил диҳад;
2) бо мақсади таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин барои гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотии алоҳида, ҳуқуқи даромадани шаҳрвандонро ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ва иншоот, ҳаракати воситаҳои нақлиёт, рафтуомади пиёдагардонро дар кӯчаю роҳҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, муваққатан маҳдуд ё манъ намояд;
3) бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон якҷоя бо ташкилкунандагони чорабиниҳои оммавӣ азназаргузаронии шахсии шаҳрвандон, амволу ашёи бо худ доштаи онҳоро ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди иншоот, қитъаҳои маҳал ё ҷойҳои ҷамъиятие, ки дар он ҷойҳо чорабиниҳои оммавӣ баргузор мегарданд, ҳангоми зарурат бо истифода аз воситаҳои техникӣ, сагҳои хизматӣ ва дигар қувваю воситаҳо амалӣ намояд, дар сурати даст кашидани шаҳрванд аз азназаргузаронии шахсӣ ӯро ба чунин ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ надиҳад;

Моддаи 28. Ваколатҳои политсия оид ба амалисозии назорати нигоҳдорӣ ва истифодаи силоҳ
Политсия ваколатдор аст:
1) ба ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон, инчунин шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ барои ба даст овардан, нигоҳ доштан ва интиқол додани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангии он, ашё ва маводи тарканда, моддаҳои сахттаъсири кимиёвӣ, заҳрнок, нашъадор ва масолеҳи дигар ва ба шаҳрвандон барои ба даст овардан, гирифта гаштан ва нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангии он иҷозат диҳад, чунин иҷозатро бекор кунад, аз ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва аз шаҳрвандон ҳангоми риоя накардани қоидаҳои гардиши силоҳ, силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро пас гирад, барои фаъолият оид ба фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва хизматӣ, лавозимоти ҷангии он иҷозат диҳад, барои кушодани корхонаҳои таъмири силоҳ, муҳрсозию зарробӣ, мағозаҳои силоҳфурӯшӣ ва тир, ҷойҳои тирандозӣ, иҷозат диҳад;
2) санҷиши ҷойҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурӯш, ҷамъоварии коллексия ва ба намоиш гузоштани силоҳ, қисмҳои асосии силоҳи оташфишон, истеҳсоли тири силоҳ ва қисмҳои асосии он, истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода ва паҳн намудани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва маҳсулоти тарфгарӣ, инчунин ҷойҳои партовтозакунии лавозимоти ҷангиро гузаронад, агар шароити ҷойгиркунонӣ, истифодабарӣ ва интиқоли маводи таркандаи таъиноти саноатӣ, ҳама намуди маҳсулоти тарфгарӣ ба ҳаёт, саломатӣ ё амнияти шаҳрвандон таҳдид намояд, ё ин ки талаботи муқарраргардидаи баҳисобгирӣ, нигоҳдории маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва таъмини амнияти корҳои таркишгарӣ иҷро нашаванд, то бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, амалӣ иҷозатномаҳоро барои нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва интиқоли маводи таркандаи таъиноти саноатӣ, ҳама намуди маҳсулоти тарфгариро боздорад.

Моддаи 29. Ваколатҳои политсия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ.
Политсия ваколатдор аст:
1) воситаҳои нақлиётро манъ намуда, ҳуқуқи истифода ва идора кардани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои мансуб ба воситаи нақлиёт ва борҳои интиқолшавандаро санҷад, муоинаи воситаҳои нақлиётро дар сурати гумонбар шудан аз истифода бо мақсадҳои ғайриқонуниро гузаронад;
2) истифодаи воситаҳои нақлиётеро, ки бар асари нуқсонҳои техникӣ ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳдид мекунанд, инчунин аз муоинаи техникии ҳатмӣ нагузаштаанд, қисм ва агрегатҳои пинҳонӣ, қалбакӣ ва тағйирдодашуда, ё ин ки аломатҳои бақайдгирии давлатии қалбакӣ, тағйирдодашуда, ҳамчунин тамғаи ба маълумоти дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ номувофиқ доранд ва аз тарафи соҳибони онҳо уҳдадории муқарраргардида оид ба суғуртаи ҷавобгарии шаҳрвандӣ иҷро нашудааст, манъ намояд;
3) воситаҳои нақлиётро боздошт ва ронандаро аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт барканор намояд, воситаҳои нақлиёти дар ҷустуҷӯ қарордоштаро боздошт ва дар таваққуфгоҳҳои махсус ҷойгир намояд;
4) дар сурати риоя накардани талабот оид ба таъмини амнияти ҷамъиятӣ гузаронидани корҳои таъмиру сохтмонро дар кӯчаю роҳҳо маҳдуд ё манъ намояд, барои ба воситаҳои нақлиёт насб кардани дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва садодиҳанда, аломатҳои тафриқавии шартӣ, сиёҳ кардани шишаҳо иҷозат диҳад, аз мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гузаронидани чорабиниҳоро оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳро талаб намояд.

Моддаи 30. Ваколатҳои политсия дар шароити ҳолатҳои фавқулода ва ҳангоми амалисозии чорабиниҳои махсус
Политсия ваколатдор аст:
1) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ (ба истиснои таксӣ), инчунин аз роҳҳои пулакӣ, аз ҷумла аз воситаҳои нақлиёт сарфи назар аз шакли моликияташон ройгон истифода барад. Кормандони воҳидҳои политсияи дар нақлиёт буда, ҳуқуқ доранд дар минтақаҳои хизматрасонӣ, дар қатораҳо ва ҳавопаймоҳо бо мақсади хизматӣ ройгон сафар намоянд;
2) дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои нақлиёте, ки ба ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ё шаҳрвандон тааллуқ доранд (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробар кардашуда), бе мамониат истифода барад, бо талаби соҳибони воситаҳои нақлиёт маблағи хароҷот ва товони зарари расонидашуда аз ҳисоби махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад;
3) бо мақсади хизматӣ, аз воситаҳои алоқае, ки ба ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таъаллуқ доранд, (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробар кардашуда) ва дар ҳолатҳои таъхирнопазир аз воситаҳои алоқаи ба шаҳрвандон тааллуқдошта, бо ҷуброни хароҷот аз ҳисоби махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе мамониат истифода барад;
4) дар давраи амали вазъияти фавқулода, ҳолати ҷанг ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ чораҳо ва маҳдудиятҳои муваққатиро татбиқ намояд.

Моддаи 31. Ваколатҳои политсия ҳангоми дастгиркунии шахсоне, ки аз адои ҷазо саркашӣ менамоянд
Политсия ваколат дорад шахсонеро, ки аз адои ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ саркашӣ мекунанд, аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси пешакӣ ва ҷойҳои нигоҳдории дастгиршудагон фирор намудаанд дастгир намояд, дар политсия нигоҳ дорад ва онҳоро ба мақомот ё муассисаҳои дахлдор супорад.

Моддаи 32. Ваколатҳои политсия дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ва ҷиноятҳо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ содиршуда
Хизматчиёни ҳарбиеро, ки дар содир намудани ҷиноятҳо гумонбар дониста шудаанд дастгир намояд, нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд, ҳаракатҳои тафтишотии таъхирнопазирро гузаронад ва дар муҳлати муқаррар намудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯ и тобеияти тафтишотӣ супорад, инчунин хизматчиёни ҳарбиеро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, то ба патрулҳои ҳарбӣ, коменданти ҳарбӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ ё комиссарони ҳарбӣ супоридан, нигоҳ дорад.

Моддаи 33. Ваколатҳои политсия оид ба ҷалбсозии шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва воситаҳои ахбори омма дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо
Политсия ваколатдор аст:
1) бо мақсади огоҳонидан, пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо, муайян намудани ҳолатҳои ҷиноят ва шахсони онро содирнамуда, ҷустуҷӯ и ҷинояткорони пинҳоншуда, шахсони беному нишон ғайбзада, инчунин шахсоне, ки бо хешовандонашон алоқаро гум кардаанд, аз воситаҳои ахбори омма ва алоқа истифода барад;
2) шахсонеро, ки дар ошкор кардани ҷиноятҳо, дастгир кардани шахсони онҳоро содирнамуда ва иҷрои дигар вазифаҳои ба зиммаи политсия гузошташуда кӯмак расонидаанд, ҳавасманд гардонад ва ба онҳо мукофотпулӣ диҳад.

Моддаи 34. Ваколатҳои политсия оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон
Политсия ваколатдор аст:
1) дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ноболиғонеро, ки аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ шартан озод шудаанд ё маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо иҷрои ҳукми маҳрум сохтан аз озодӣ мавқуф гузошта шудааст, зери назорат қарор диҳанд;
2) ноболиғонеро, ки кирдори зиддиҷамъиятӣ ё ҳуқуқвайронкунӣ содир кардаанд, бе назорат ва бепарастор мондаанд, ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ ё муассисаҳои махсусгардонидашуда барои ноболиғоне, ки ба кӯмаки иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ба утоқҳои махсусгардонидашудаи политсия барои ноболиғон таҳвил намояд, нисбати падар ё модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда, маводи дахлдор тартиб диҳад;
3) ноболиғоне, ки амалҳои хатарноки зиддиҷамъиятӣ содир карда, шахсияташон муайян карда нашудааст дастгир намуда, ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ ва ноболиғони бесаробон мондаро ба муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ таҳвил диҳад.

Моддаи 35. Ваколатҳои политсия ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва истифодаи таҷҳизоту техникаҳои махсус
Политсия ваколатҳои худро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, истифодаи таҷҳизотҳо ва техникаи махсус дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика