Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шакли мукаммалкардашудаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» - БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

  • политсия - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти касбӣ ва мусаллаҳонаи ҳокимияти давлатӣ (сохтори таркибии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошад, ки ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мегардад.
    Политсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ муҳофизат намуда, тибқи ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур истифодаи чораҳои пешгирӣ, бурдани корҳои профилактикӣ, таҳқиқ, тафтиши ҷиноятҳо (ҳуқуқвайронкуниҳо), иҷроиши чораҳои маҷбурӣ ва дигар чораҳои қабулгардидаро таъмин менамояд.
    Шахсоне, ки дар политсия фаъолият мебаранд, ба корманди политсия ва коргари политсия ҷудо мегарданд.
  • корманди политсия – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳуқуқу уҳдарориҳои хизматии хешро оид ба адои хизмати давлатӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ бар дӯ ш гирифтааст;
  • коргари политсия - хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ мебошанд, ки фаъолияти ёрирасониро (хизматрасонӣ) иҷро менамояд;
  • асосҳои кофӣ - агар шахс дар лаҳзаи содир намудан ё бевосита пас аз содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дастгир шуда бошад, агар шоҳидон, ё ҷабрдида бевосита ба шахси мазкур ҳамчун шахси ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда нишон диҳанд, агар дар бадани шахси мазкур, сару либос ва дар бари ӯ мавҷуд буда, дигар ашёҳои аз ҷониби ӯ истифодашаванда, дар манзил ё воситаи нақлиёти ӯ изҳои аёне дарёфт шаванд, ки аз алоқамандии ӯ ба қонуншиканӣ гувоҳӣ медиҳанд;
  • маълумоти кофӣ – ахборот, хабар, иттилоот ва маҷмӯи басандаи онҳо вобаста ба воқеа, ҳодиса ва ҳолати кор, ки ба зиёдтар аз он эҳтиёҷ набошад;
  • мақоми давлатӣ – воҳиди сохтории дастгоҳи давлатӣ, ки тибқи салоҳият ва сохтори муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати давлатию ҳокимиятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос, амалӣ менамояд;
  • шахси мансабдори давлатӣ – шахсе, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатиро барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ, ишғол менамояд;
  • уҳдадории мансабӣ – уҳдадориҳои пешбининамудаи мансаби мушаххаси давлатӣ, ки ҷавобгӯ и мақсад ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ буда, хизматчии давлатӣ дар доираи меъёрҳои муқарраркардаи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иҷро мекунад.
  • талаботи тахассусӣ – талаботе, ки бо мақсади майян кардани тайёрии касбӣ ва мувофиқат ба мансаби мушаххаси давлатии хизмати давлатӣ ба шаҳрвандон ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ барои ишғоли мансаби баландтари давлатии хизмати давлатӣ муқаррар карда мешавад;

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи политсия
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи политсия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Самтҳои асосии фаъолияти политсия
Самтҳои асосии фаъолияти политсия тибқи Қонуни мазкур инҳо мебошанд:
- таъмин намудани ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;
- дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ таблиғоти ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандон, идораву корхона, муассиса ва ташкилотҳо (минбаъд - ташкилотҳо) сарфи назар аз шакли моликият;
- амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
- ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ;
- пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;
- ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, кофтукови шахсони онҳоро содиркарда;
- тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ;
- кофтукови ҷинояткорон ва шахсони бе ному нишон ғайбзада;
- муайян кардани шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда;
- ҳимояи якхелаи шаклҳои гуногуни моликият;
- пешбурди парвандаҳои маъмурӣ ва иҷроиши ҷазоҳои маъмурӣ;
- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- иҷроиш ва бурдани назорат оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳ;
- ҳимояи давлатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва дигар шахсони ҳифзшаванда;
- расонидани кӯмак ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо;
- амалӣ намудани фаъолияти ташхисӣ (экспертӣ) ва ташхиси (экспертизаи) криминалистӣ;
- амалӣ намудани фаъолияти шиносномавӣ, бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва масъалаҳои шаҳрвандӣ.

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти политсия
Фаъолияти политсия дар асоси принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- садоқат ба Ватан, беғаразона ва содиқона хизмат кардан ба халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- қонуният, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати ҳифзи онҳо;
- эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо, қадр ва номуси инсон ва шаҳрванд;
- баробарии ҳама дар назди қонун;
- адолати иҷтимоӣ;
- инсондӯстӣ;
- касбият ва салоҳиятнокии корманди политсия;
- устувории ҳайати шахсии политсия ва ҷоннисорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
- яккасардорӣ ва мутамарказии идоракунии он;
- ҳисоботдиҳӣ, мувофиқат, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷомеа;
- шаффофияти фаъолият ба ҷузъ фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;
- ғайриҳизбӣ будани хизмат дар политсия;
- истифодаи дастовардҳои илму техника ва системаҳои технологию иттилоотӣ.

Моддаи 5. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти политсия
1. Политсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, шаҳрвандӣ, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳимоя мекунад.
2. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.
3. Корманди политсия дар ҳолатҳои маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифадор аст, ба ӯ асос ва сабабҳои чунин маҳдудият, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯро вобаста ба ин ҳолатҳо фаҳмонад ва барои шинос шудан бо маводе, ки ба маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шахс асос шудаанд, имконият диҳад.
4. Ба корманди политсия истифодаи муносибати бераҳмона ё паст задани шаъну шарафи инсон ва шаҳрванд манъ аст. Корманди политсия безарурият набояд амалҳоеро анҷом диҳад, ки дар натиҷа метавонад ба инсон ва шаҳрванд зарари ҷисмонӣ, молумулкӣ ва маънавӣ расонида шавад.
5. Политсия ҳуқуқи бе розигии инсон ва шаҳрванд дар бораи ҳаёти шахсӣ ва оилавии ӯ, ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ё паҳн кардани маълумотро надорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Ба корманди политсия ифшо намудани маълумотҳое, ки сирри давлатӣ ва хизматӣ, инчунин дигар маълумотҳои аз ҷониби қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳанд, манъ аст.
7. Амали корманди политсия, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро маҳдуд месозад, фавран қатъ карда мешавад, агар мақсади қонунӣ ба даст омада бошад ё муайян карда шавад, ки ин мақсад наметавонад ё набояд бо роҳи маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба даст оварда шавад.
8. Корманди политсия ҳуқуқҳои шахсони дастгиршуда ва ҳабсгардидаро эълон ва таъмин менамояд, ҳуқуқҳои шахсро аз лаҳзаи дастгиршавӣ оид ба истифода аз ёрии адвокат таъмин менамояд, дар давоми се соат баъди воқеан дастгиршавии шахс протоколи дастгиркуниро тартиб дода, як нусхаи онро бо дастхат ба дастгиршуда ё намояндаи қонунии ӯ месупорад, дар ҳолатҳои зарурӣ бо дархости дастгиршуда муоинаи тиббии ӯро мегузаронад, дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгир намудан ва ҷои нигоҳ доштани дастгиршуда, аъзои болиғи оила ё хешовандони наздики ӯро хабардор мекунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро медиҳад ва дар муддати 24 соат аз лаҳзаи дастгиркунӣ ба прокурор хабар медиҳад, дар мавриди зарурат барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ тадбирҳо меандешад, инчунин хатареро, ки ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулк дар натиҷаи дастгиркунӣ ё ба ҳабс гирифтани шахс таҳдид мекунад, бартараф менамояд.
9. Аз ҳаракати (беҳаракатии) корманди политсия, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ташкилоти динӣ ва ё ташкилотҳои дигарро поймол мекунад, ба роҳбарияти болоии политсия ё Комиссияи махсуси назди Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ё суд шикоят овардан кардан мумкин аст.

Моддаи 6. Ҳамкории политсия бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо

  1. 1. Политсия дар иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаи худ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҳамкорӣ менамояд.

2. Ҳар як корманди политсия барои дар рӯҳияи боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва хайрхоҳӣ нигоҳ доштани робитаи қавӣ бо ҷомеа, масъул аст.
3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои ташаббусӣ, дружиначиёни халқӣ, ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва дигар шаҳрвандон метавонанд ба таври ихтиёрӣ, барои ҳалли вазифаҳои дар назди политсия гузошташуда, иштирок намоянд.
4. Бо мақсади таъмин намудани иштироки ҷомеа дар ислоҳоту рушди фаъолияти политсия ва мустаҳакам намудани боварии аҳолӣ ба политсия:
1) дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои минтақавии он Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъсис дода мешавад, ки дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад.
2) дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад, ки Низомномаи он аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
5. Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар асоси иштироки ихтиёрии шаҳрвандони фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.
1) Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятиро раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳбарӣ мекунад ва ба ҳайати он намояндаи политсия дар сатҳи сардори Шӯъба, шӯъбача ва ё муовинони онҳо, инчунин сокинони фаъоли маҳалаҳо ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил шуда метавонанд.
2) дар ҳайати Шӯрои ҷамъиятии мазкур мансаби нозир оид ба кор бо ноболиғон ва мансаби нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода мешавад. Ин нозирон ба муовини раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки самти фаъолияти мазкурро роҳбарӣ мекунад, тобеъ мебошад. Мансаби нозир оид ба кор бо ноболиғон ва мансаби нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
6. Бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва кушодани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо, шаҳрвандон бо розигии худ метавонанд ба мақомоти политсия дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, ошкоро ва ғайриошкоро мусоидат ва ҳамкорӣ намоянд. Маҷбуран ҷалб кардани шаҳрвандон барои ҳамкорӣ бо политсия манъ аст.
Тартиб ва намудҳои мусоидат ва ҳамкории шаҳрвандон ба политсия, ҳимояи иҷтимоии онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
7. Шахсоне, ки бо мақомоти политсия мусоидат менамоянд, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Маълумот дар бораи шахсоне, ки ба политсия махфиёна мусоидат менамоянд ё мусоидат намудаанд, танҳо бо розигии хаттии онҳо, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят, ифшо карда мешавад. Ҳангоми ворид шудани маълумоти кофӣ дар бораи вуҷуд доштани хатар ба ин гуна шахсон, инчунин хешовандони наздики онҳо, политсия уҳдадор аст, барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, қадру номус ва молу мулки онҳо, инчунин барои муқаррар кардани сарчашмаҳои таҳдид ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор чораҳои амниятӣ андешад.
8. Фаъолияти политсия барои ҷомеа бояд то дараҷае ошкоро бошад, ки он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии ҷиноятӣ, фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда, инчунин ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои қонунии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо мухолифат накунад.
9. Шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар доираи ҳуқуқ ва ваколатҳои худ, ба истиснои маълумотҳое, ки дастрасӣ ба он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» маҳдуд аст, метавонанд дар бораи фаъолияти политсия маълумоти эътимоднок гиранд.
10. Политсия аз фаъолияти худ мунтазам ба шаҳрвандон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ ахборот пешниҳод менамояд, ки он тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иттилоотии Интернетӣ ва ҳисоботдиҳии шахсони мансабдор (на камтар аз як маротиба дар се моҳ) сурат мегирад.
11. Тартиби ҳисоботдиҳӣ оид ба фаъолияти политсия ва кормандони ваколатдори ҳисоботдиҳанда ба аҳолӣ аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ муайян карда мешавад.
12. Политсия дар доираи ваколаташ уҳдадор аст, тибқи дархости расмӣ ба васоити ахбори омма ва шаҳрвандон иттилоот пешниҳод намояд.
13. Афкори умум яке аз меъёрҳои асосии баҳогузории фаъолияти политсия мебошад, ки тартиби онро Вазири корҳои дохилӣ муайян мекунад. Бо ин мақсад, Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма ва марказҳои тадқиқотӣ, мунтазам мониторинги афкори ҷомеаро мегузаронад. Натиҷаи мониторингҳо ба самъи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва шаҳрвандон ба таври хаттӣ, тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иттилоотии Интернет расонида мешавад.

Моддаи 7. Ҷалби дигар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин кормандони дигар вазорату идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иҷрои вазифаҳои политсия

  1. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ дигар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии он, кормандони дигар вазорату идораҳо ҷалб карда мешаванд.
  2. Иштироки курсантҳо, шунавандагон, адюнктҳо, роҳбарият ва ҳайати омӯ згорию профессории муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷониби онҳо амалӣ намудани дигар вазифаҳо, ки иҷрои онҳо ба зиммаи политсия вогузор гардидааст, ҷузъи тайёрии касбии онҳо ба шумор меравад ва дар барномаҳои таълимии дахлдор ворид карда мешавад. Барои иштирок дар чорабинӣ ва вазифаҳои зикргардида курсантон ва шунавандагони ба синни 18 солагӣ нарасида роҳ дода намешавад.
  3. Дар ин ҳолат нисбат ба онҳо ҳуқуқу вазифаҳо, кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ҷавобгарии пешбинишуда барои кормандони политсия паҳн мегардад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика