Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро ба ҳузур пазируфтанд

68116 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро, ки барои иштирок дар нишасти прокуратураҳои генералии кишварҳои аъзои Созмон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.682

683Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаашон комёбӣ орзу карданд.684
685Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъкиди таваҷҷуҳи пайвастаи Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, дар робита ба саҳми арзандаи кишварҳои аъзо дар самтҳои муҳими фаъолияти ин созмон андешаронӣ намуданд.
“Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки сулҳу субот дар минтақаи ЭКО омили калидӣ барои расидан ба ҳадафи аслии Созмон, яъне рушду нумӯи иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум аст”, — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат ҳамзамон аз иқтидорҳои фарохи иқтисодӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ёдовар шуда, нақши мақомоти прокуратураро дар иҷрои вазифаҳои бағоят пурмасъули назорати риояи иҷрои қонунҳо ва дар ин замина таъмини волоияти қонун, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои демократӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа, таъкид намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар арсаи ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо ба амнияти кишварҳо, оқибатҳои фалокатбори терроризм, зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароии сиёсию динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, амалҳои тахрибкоронаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ тамаркуз намуда, идомаи ҳамкориҳои ҳамгироёнаи кишварҳои аъзо, бахусус мақомоти соҳавии онҳоро зарур шумориданд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва киберҷиноятҳо Тоҷикистон шарики табиии ҳамаи кишварҳо мебошад.
Дар мулоқот бори дигар омодагии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкории ҳуқуқӣ бо ҳамаи кишварҳои дӯст мавриди зикр қарор гирифт.
Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар Душанбе оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини қонуният, амният ва субот дар кишварҳо, ки дар навбати худ ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои иқтисодии кишварҳои аъзои ЭКО мусоидат менамоянд, қарорҳои муҳим қабул хоҳанд гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин Прокурори генералии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Сауд ибни Абдуллоҳ Ал-Муъҷиб, ки ба ҳайси меҳмон даъват шудааст, ҳузур дошт.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика