Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳои ҶДММ “Ваҳдат” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

83815 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат”, ки ба истеҳсоли ҷӯроб машғул аст, оғози расмӣ бахшиданд.

Корхонаи ҷӯроббофӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Илҳом Мирзоев бунёд гардида, мақсад аз таъсис додани он то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, бо шуғли доимӣ таъмин кардани аҳолӣ ва тақвият бахшидани иқтидори содиротии мамлакату мусоидат ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ мегардад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона 19 миллиону 200 ҳазор ҷӯроб дар як сол буда, маҳсулоти он ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохиливу хориҷӣ аз рӯи стандартҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар марҳилаи аввали ба фаъолият пардохтани корхонаи ҷӯроббофии “Ваҳдат” дар шаҳри Душанбе, 300 нафар ба кор таъмин гардиданд, ки аксарияташон мутахассисони варзидаву лаёқатманд аз ҳисоби ҷавонону бонувон мебошанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми корхона, қарор аст дар он бештар аз 600 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гарданд.

Аз руи маълумоти соҳибкор, навбати дуюми корхона давоми соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз хоҳад намуд, зеро барои ин ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, хатҳои истеҳсолӣ низ харидорӣ шудаанд.

Айни замон музди миёнаи маоши коргарон аз 800 то 1200 сомониро ташкил дода, шароитҳои мусоиди корӣ барои кормандон фароҳам сохта шудааст.

Дар корхона намудҳои гуногуни ҷӯробҳои мардонаву занона ва ҷӯроб барои кӯдакону наврасон ва ҷӯробҳои варзишӣ истеҳсол карда мешаванд.

Воридоти хатҳои технологии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат” аз ҷумҳуриҳои Туркия, Италия ва Чин сурат гирифта, дастгоҳҳои насли нав дониста мешаванд. Таҷҳизот ва хатҳои технологӣ дар минтақа беназир буда, қобилияти истеҳсоли маҳсулоти сифати баландро доро мебошанд. Ҳамин аст, ки маҳсулоти корхона сифатан хуб ва рақобатпазир истеҳсол шуда, ба бозорҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон содирот карда мешавад. Ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротӣ ва муаррифии бештари маҳсулоти ватанӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб низ бобати содироти ҷӯроб тавофуқот ба даст омадааст.

Дастуру супоришҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллиро сармашқи кори худ карда, маъмурияти корхонаи ҷӯроббофии “Ваҳдат” истеҳсолотро пурра аз ҳисоби пахтаи ватанӣ ба роҳ мондааст. 80% фоизи таркиби ҷӯробҳои ин корхона аз пахта буда, дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони доимӣ доранд. Ҳамин меъёри кор таваҷҷуҳи харидорони ватаниву хориҷиро бештар ба худ ҷалб кардааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат” дастур доданд, ки ҷиҳати саривақт фаъол сохтани марҳилаи дуюми корхона чораҳои таъхирнопазир андешида, бобати тақвияти нуфузи корхона дар бозорҳои минтақа талош ба харҷ диҳанд ва рақобатпазирии маҳсулотро сармашқи кор қарор диҳанд. Ин раванд даромаднокии корхонаро афзун ва теъдоди ҷойҳои нави кориро бештар месозад. Пешвои миллат ташаббуси соҳибкорро намунаи ибрат арзёбӣ карда, амали бунёдкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави кориро рисолати ҳар соҳибкори ватандӯст маънидод намуданд.

Роҳбарияти корхона барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба рушди соҳибкории хурду миёна арзи сипосу миннатдорӣ баён карда, қавл доданд, ки минбаъд низ ҷиҳати пешрафти иқтисоди миллӣ ва ба ин восита ташкили ҷойҳои нави корӣ талош ба харҷ хоҳанд дод.

Мавриди зикр аст, ки соҳибкор Илҳом Мирзоев дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон низ чунин корхона - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат”-ро ҳанӯз соли 2014 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол сохта буд. Корхонаи ҷӯроббофӣ дар ноҳияи Ёвон айни замон дорои иқтидори истеҳсоли 4,5 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, дар он садҳо нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд ва маҳсулоти ин корхона ҳам таъиноти содиротӣ дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика