Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” Ҷеймӣ Флай

8247 ноябри соли 2019 дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дархости роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” Президенти ин радио Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кушишҳо ба харҷ дода мешавад.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот таъкид гардид, ки хабарҳо доир ба қатъи фаъолияти Радиои Озодӣ дуруғи маҳз аст ва имрӯз дар Тоҷикистон 18 нафар кормандони он ба қайд гирифта шудаанд ва озодона фаъолият мекунад, ҳол он, ки дар баъзан аз кишварҳои собиқ шуравӣ фаолияти Радиои Озодӣ тамоман манъ шудааст.

Дар кишвар беш аз 250 расонаи мустақили хабарии маҳаллӣ ва берунӣ, аз ҷумла рӯзномаю маҷаллаҳо, радио, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки солҳои охир Радиои Озодӣ бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст.

Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ба ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби кадом расонаҳои хабарие, ки набошад новобаста аз шакли тобеияташон роҳ дода намешавад. Фаъолияти ҳама гуна ВАО бояд қаътиян дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” талаб карданд, ки дар доираи фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ҳангоми инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвари мо ба таври воқеъбинона ва бо истифода аз афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ мавод омода намоянд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика