Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан

8216 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфедератсияи Швейтсарияро ба ҳайси яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ карда, аз сатҳу мӯҳтавои ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкории бонкию молиявии ду кишвар, такмили низоми бонкӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, кӯмакҳои техникӣ ва машваратӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва бозомӯзии кормандонро дар доираи ниҳодҳои молиявии Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) муҳокима карданд.

Вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ баҳри мусоидат кардан ба рушди иқтисод, зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки ниҳодҳои молиявӣ ва сармоягузории Швейтсария имкон доранд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикии Тоҷикистон, таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, босамар намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди пахта, пашм, пилла, сабзавоту меваҷот, фаъолона иштирок намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика