Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

48792024198 7116ae6673_z

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд.

 

Аҳли заҳмати 16 шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастранҷи худро ба маъраз гузоштанд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳунару маҳорати баланди нонпазии кадбонувони ноҳия шинос шуданд. Сокинони шукргузори ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳама бахшу соҳаҳо бо заҳмати аҳлона ба дастоварду натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил мегарданд.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ дар дегҳои алоҳида пухтани таҳмол, далда, ду намуд ҳалво, оши палав ва дигар намуди ғизоҳои болаззат муаррифӣ гардид. Таомҳои миллии мо дар олам бо таъму лаззати ба худ хос беҳамто буда, шаҳодати соҳибтамаддун будани тоҷикон аст.  

Ҳунармандони чирадасту хушсалиқаи ноҳия аз эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ илҳоми тоза гирифта, ба эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ, аз қабили кӯлолгарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, ҷомадӯзӣ, кашидадӯзӣ, либосҳои миллӣ ва амсоли ин камари ҳиммат бастаанд. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ва таваҷҷуҳи бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо ҳунармандони чирадасти ноҳияро водор кардааст, ки барои сайёҳон армуғонҳои зебову дилкаш омода созанд.

Дар маҷмуъ, дар намоиши маҳсулоти нонӣ, таъомҳои миллӣ, қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дастранҷи ҳунармандони бомаҳорати ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо завқу салиқаи баланд офарида шудаанд, ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки маҳз дар замони ҷаҳонишавӣ эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи арзишҳои бойи ниёгон, метавонад миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва дорои таърихи кӯҳанро пойдору устувор нигоҳ дорад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати баланди аҳли заҳмати ноҳия баҳои баланд дода, ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии арзандаи он дар арсаи байналмилалӣ ба сокинон ҳидоятҳои судманд доданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика