Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдакона дар ноҳияи Данғара

80712 сентябр дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак майдончаҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳияи Данғара, оилаи Гуловҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд шуда, дар самти ободии ин гӯшаи диёр саҳми муносиб гузошт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ карда, ба иқдоми сокинони саховатпешаи ноҳияи Данғара баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёди наздики 300 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва танҳо оилаи Гуловҳо иқдом пеш гирифтаанд, ки 4 адад иншоот, аз қабили майдончаҳои муосири варзиширо сохта ба сокинони ноҳия тақдим намоянд.

Майдончаи варзишӣ, ки ҷавобгу ба талаботи стандартҳои муосир бунёд шудааст, барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, баргузории бозиҳои кӯдакона, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва ташкили машғулиятҳои дастаҳои варзиш, нигаронида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити машқу тамрин ва бозиҳои варзишӣ дар ин ҷо ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили велосипед, тубҳои чармии футбол ва бозичаҳои кӯдакона тақдим намуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика