Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани роҳи автомобилгард дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара

804Дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро, ки деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳорро ба ҳам мепайвандад мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дарозии роҳи мазкур 4 километр ва паҳноиаш 5 метрро ташкил дода, он дар доираи нақша чорабиниҳо ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов таъмиру навсозӣ гардидааст.

Барои анҷоми корҳои тахту ҳамворкунӣ, мустаҳкамкунии қабати роҳ ва асфалтпӯшкунӣ техникаву механизми роҳсозии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Данғара истифода шуда, сохтмончиён ба сифати масолеҳ ва иҷрои корҳои таъмирӣ аҳамияти махсус зоҳир намудаанд.

Сокинони маҳаллӣ, хоса ронандаҳо иброз медоранд, ки то ин вақт ҳаракат тавассути роҳи мазкур душвор сурат мегирифт ва дар заминаи асфалтпӯш гардидани он мушкили чандинсолаи онҳо осон шуд.

Иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллӣ, яъне таъмири пурра гардидани роҳи автомобилгарди деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳор ҳамчунин дар амалӣ намудани нақаша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» замина гузошт. Корҳои таъмирӣ дар ин масир се моҳро фаро гирифта, дар ин давра наздики 30 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Роҳ дар доираи талаботи меъёрҳои муқарраргардида таъмир шудааст ва бо аломатҳои танзимкунандаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара беш аз 110 километр роҳ навсозӣ гардида, дар зиёда аз 20 километр роҳи дигар корҳои таъмирӣ бо маром идома доранд.

Дар давоми 2 соли оянда аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов дар деҳаҳои деҳоти Пушинги ноҳия таъмиру навсозии боз 5,5 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ҳисобиданд ва ба дастандаркорон барои анҷоми чунин кори хайру савоб, инчунин саҳм гузоштан дар ободии мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика