Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози азнавсозии роҳи “Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин”

79211 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди “Кӯлоб-Қалъаи Хумб” дар қитъаи “А”, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғози расмӣ бахшиданд.

Қитъаи роҳи мошингарди “Кӯлоб - Шамсидин Шоҳин” дар идомаи роҳи мошингарди “Кӯлоб - Қалъаи Хумб” бунёд гардида, дар асоси марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ мешавад.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дарозии қитъаи роҳи автомобилгарди “Кӯлоб -Шамсиддин Шоҳин” 32,7 километр буда, он тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва барои хизматрасонӣ дар давоми солҳои зиёд пешбинӣ шудааст.

Дар асоси лоиҳаи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди “Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин” сохтмони 3 адад пул дар мавзеъҳои кӯҳӣ бунёд мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ сурат мегирифт.

Бунёду навсозии роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Ҳамзамон тамоми молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода мешавад.

Бунёди роҳ аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамалакат заминаи воқеъӣ мегузорад.

Тибқи лоиҳа инфрасохтори зарурӣ дар роҳи автомобилгарди қитъаи “Кӯлоб -Шамсиддин Шоҳин” бунёди қубурҳои обгузар, ҷуйборҳои бетонӣ, такядеворҳо, воситаҳои иҳотакунанда, хатҳои уфуқӣ, аломатҳои роҳ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди қитъаи “Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ба роҳсозон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дастур дода шуд, ки дар вақти корҳои сохтмонӣ 90 фоизи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика