Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов дар шаҳри Кӯлоб

78811 сентябр дар кӯчаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозӣ Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилооъ дода шуд, бинои Коллеҷи санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, аз толори рақс, навозиш, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои коллеҷи мазкур моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гарида, дар рафти сохтмони иншоот 30 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Бино дорои 15 синфхона буда, ҳар як синфхона бо айёнияти дарсӣ ва асбобҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, донишҷӯёнро барои аз худ кардани нозукиҳои навозандагиву сарояндагӣ ҳидоят намуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика