Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» дар шаҳри Кӯлоб

786Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳин, маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» аз се ошёна иборат буда, он аз ошхона барои 100 нафар ҷойи нишаст, маркази дилхушии бозиҳои кӯдакона, толори либосҳои миллии арусӣ, кошонаи ҳусн, ҳамом, маҳси бадан ва толори варзишии занона иборат мебошад.

Ҳамчунин дар саҳни бинои маркази фароғатии «Модар ва кӯдак» ҳуҷраи махсуси ултрасадо барои модарон бо тамоми шароити лозима, таҷҳизонида шудааст. Инчунин дар саҳни бинои мазкур барои кӯдакону наврасон сехи хурди истеҳсоли яхмос ба фаъолият шуруъ намуд.

Қобил ба зикр аст, ки маркази мазкур бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, макони истироҳатии хуб барои модару кӯдак мебошад.

Таҷҳизоти дар марказ истифодашаванда ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, аз ширкатҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар дастрас гардидааст.

Дохил ва беруни бинои марказ бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ ороиш дода шудааст.

Бунёд гардидани чунин марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», барои таълими солимии модару кӯдак заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар бо бунёд гардидани чунин марказҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ҳамзамон 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ вазъи иншооти соҳаи иҷтимоӣ беҳтар гардида, барои солимии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика