Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб

785Дар кӯчаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат як бинои 13 ошëнаи истиқоматиро, ки бо маблағгузории ҶДММ “ Комил-2010” бунёд гардидааст, ба истифода супурданд.

Бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дорои таҳхона, таваққуфгоҳ, маркази тиҷоратию фароғатӣ ва тарабхона ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.

Дар як қисмати бино бо назардошти эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳон хонаҳои алоҳида бо тамоми шароитҳо ҷудо карда мешавад.

Дар сохтмони бино зиёда аз 250 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд ва корҳои сохтмониро ҶДММ «Комил-2010» ба зимма дошт.

Сохтмон соли 2018 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.

Баъди ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар ҳамин ҷо дастархони идона ороста шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 190 нафар кӯдакони ятими кул туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Ҳамчунин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сангак Сафаров бо саҳми фаъолонаи соҳибкор Алишер Акрамов боз як бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ҳашт ошёна буда, дорои таҳхона ва таваққуфгоҳ мебошад. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур маркази савдою хизматрасонӣ, тарабхона ва ошёнаҳои боқимондаро хонаҳои истиқоматӣ дар бар гирифта, бо харҷи 20 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар рафти сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ 80 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Корҳои сохтмониро ҶДММ «АР- СОХТМОН» ба зимма доштанд, ки иншооти мазкурро бо сифати баланд бунëд намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ошёнаи якуми бинои навбунëд хатнасури 60 нафар кӯдакони нимятим ва аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуда ба онҳо аз ҷониби Пешвои миллат туҳфаҳо тақдим карда шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика