Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

782Шоми 10-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал оварданд. Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ- фароғатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманди тоҷик бо самимияти хоса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.

Маврид ба ёдоварист, ки Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба маркази бузурги истироҳату фароғати кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Масоҳати умумии боғ 9 га заминро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди боғи мазкур ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис пешбинӣ гардидааст, сохта шуда, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва наврасон, майдончаи тенниси рӯйи миз, Маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон қомат афрохтааст. Лоиҳаи боғро Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Вертикал” бар уҳда дошт ва он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Алюминии Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст.

Дар корҳои сохтмонӣ мутахассисони ватанӣ ба кор ҷалб гардида, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардидааст. Беш аз 4 гектар замини ҳудуди боғ сабзазор буда, барои хуррамгардонӣ 240 бех дарахтони нодири ороишии ҳамешасабз, ки ҳамаи он аз хориҷи мамлакат оварда шуданд ва садҳо намуд гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Шабона барои равшаннамоии боғ 100 адад чароғ бо сутунпояи 6 метра, 82 адад 10 метра ва 2 адад 15 метра насб гардидааст. Боғ ду даромадгоҳ аз қисми ғарбӣ ва шарқӣ дошта, онҳо бо санъати меъмории миллӣ оро ёфтаанд. Баландии даромадгоҳи қисми ғарбии боғ 12,5 ва паҳноии он 40 метрро ташкил медиҳад. Баландии даромадгоҳи қисми шарқии он бошад, 4,5 ва паҳноияш 15 метр аст. Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудаст.

Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон 15 намуди атраксионҳо насб гардида, ҳудуди боғро 18 адад фаввораи хурду бузург зебу зиннат бахшида ба ин марказ ҳусни дигар зам мекунад. Бо бунёди Боғи марказии фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Cайид Алии Ҳамадонӣ барои сокинону меҳмонони шаҳр имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳаё гардида, аз фароҳам шудани чунин инконият сокинони шарафманди ин гӯшаи диёр руҳбаланд мебошанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика