Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд

725

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҷабови шаҳри Хуҷанд, зеристгоҳи барқии “Темурмалик”-ро, ки дар масоҳати умумии 2600 метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи барқии 110 ва 10 киловолти “Темурмалик” дорои ду адад трансфарматори иқтидорашон 25000 киловолт - ампер мебошад.

Таҷҳизоти барқии муосири 10 - 110 киловолт дар иншооти мазкур ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, аз ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Россия, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ шудааст.

Бунёду ба истифода додани чунин иншоотҳои зарурӣ аз тадбирҳои афзалиятноки ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи энергетикаи мамлакат буда, ҷиҳати кам намудани талафоти нерӯи барқ, таъмини барқ ба шабакаҳои барқӣ ва таъмини қувваи барқи мунтазам ба аҳолӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур, моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба анҷом расонида шудааст.

Дар иншооти мазкур 10 нафар кормандони муҳандисию техникӣ ва 60 корманди соҳаҳои мухталиф ба кор ҷалб гардиданд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика