Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қоғазӣ бо 50 ҷойи кории нав дар шаҳри Бӯстон

723Рӯзи 24 – уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон - Бӯстон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.

Тавре маълум гашт, корхонаи мазкур ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти қоғазӣ машғул буда, қоғаз барои ташноб, дастпоккунакҳои қоғазӣ ва дигар навъи маҳсулоте, ки аз қоғаз омода мегардад, истеҳсолу пешниҳод мекунад. Дар як моҳ корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки то 50 тонна ашёи хомро коркард намуда, аз он маҳсулоти ниҳоӣ омода намояд. Ба иттилои масъулин Корхонаи “Дурахшон - Бӯстон” пурра дар асоси ашёи хоми ватанӣ фаъолият намуда, аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёи хом ба коргоҳ ворид карда мешавад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон - Бӯстон” аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, бешубҳа заминаест барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат. Дар ин баробар ифтитоҳи чунин корхонаву коргоҳҳо барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда боис гардида, дар оянда метавонанд, ки иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам болотар баранд. Зеро талабот ба чунин маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ ҳам хеле зиёд аст ва феълан ҶДММ “Дурахшон - Бӯстон” аз шумури корхонаҳои азими коркарди қоғаз дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Корхонаи нав бо хати муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад муҷаҳҳаз буда, пас аз бозомӯзӣ дар ин ҷо 50 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои корӣ доимӣ ва бештар аз 1000 сомонӣ маош гаштанд.

Иншооти мазкур дар зарфи як сол бунёд ёфта, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ “Суғд Лоиҳакаш” бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ “Бинокор Бунёдгар” анҷом дода шуд. Корхонаи нав дар масоҳати наздик ба як гектар замин бунёд ёфта, ҳамчунин дорои дигар иншооти ёрирасон барои интиқолу кашонидани маҳсулот мебошад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона Роҳбари давлат ба технологияи насбгардида ва хатҳои истеҳсолии он баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа дода, мутобиқ ба стандартҳои ҷорӣ истеҳсолотро ба роҳ монанд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика