Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар шаҳри Бӯстон

722Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои коргоҳи навтаъсис аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, ба коркарди метал, истеҳсоли мех ва мехи печон машғул мебошад.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ин корхона метавонад дар як моҳ то 600 тонна металро коркард намуда, бештар аз 200 навъи мех ва мехҳои печон истеҳсол намояд. Ин навъи маҳсулот аслан ба кишвари мо аз хориҷ ворид мегардид ва ифтитоҳи коргоҳи нав метавонад, ки бо сифати баланди маҳсулоти худ дар бозорҳои мамлакат ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда низ рақобат намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хати истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таъмин буда, маҳсулоти босифатро бо назардошти талабот ва стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот асосан аз корхонаҳои ватанӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас гардида, маҳсулоти ниҳоии сохтмонӣ ба бозорҳои мамлакат пешниҳод карда мешавад. Дар ҳоли авҷ гирифтани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногун дар кишвар талабот ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд буда, ҳамчунин корхона имконият дорад, ки барои содирот низ навъҳои гуногуни мех ва мехҳои печонро истеҳсол намояд. Корхонаи мазкур бо харҷи 18 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Ҳайати корӣ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, малакаи хуби кор бо дастгоҳҳои муосирро соҳибанд. Дар корхонаи нав 50 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гашта, ба иттилои масъулин онҳо аз 2500 то 3000 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.

Иншооти мазкур дар масоҳати бештар аз 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, лоиҳаи он аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” дар шаҳри Бӯстон таҳия гардидааст. Пудратчии он ҶДММ “Истиқлол ва КО” буда, корҳо бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ ва бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудаанд.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба сифати маҳсулоти коргоҳи нав баҳои баланд дода, барои фаъолияти мунтазаму пурсамар ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ба масъулини он дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика