Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3-и “Ғунчаи Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд

718Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами 3-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати умумии 1 га бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.

Боғчаи бачагонаи “Ғунчаи Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, имкон дорад 200 кудакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактаби акнун 40 нафар, имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд.

Боғчаи бачагон дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеъи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори калон барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрока барои сабзавоту ғалладона мебошад. Инчунин дар саҳни ҳавлии бинои мазкур, шаш айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона, ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст.

Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, дар бинои навбунёд ба корҳои сохтмонӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи навбунёдро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасози миллат, арзёбӣ карда, ба Президенти мамлакат барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Пешвои миллат тарбиятдиҳандагонро барои тарбияи кудакон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ ҳидоят карданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика