Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг

647Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон инчунин майдончаи хурди варзишиеро, ки дар масоҳати 800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 20 нафар сохтмочиёни маҳаллӣ сохта шудааст.

Ин иншооти варзишӣ дар маркази ноҳия танҳо барои бозии футбол пешбини гардида, дорои беҳтарин шароит барои ин намуди бозӣ мебошад. Майдочаи хурди бозии футбол дар ноҳияи Ховалинг бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои сохтмонӣ бунёд карда шуда, дар он 35 адад таҷҳизотҳои хурду бузурги равшандиҳӣ насб карда шудааст. Илова бар ин, барои зебогии гирду атрофи иншооти мазкур дарахтони ороишиву сояафкан ва дар масоҳати 60 метри мураббаъ гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони маркази ноҳияи Ховалинг беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин роҳбари давлат аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки бо истифода за чунин имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода намоянд, то ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика