Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг

646Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҳамчунин бо бардоштани парда Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро, ки дар ҳудуди он пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ҷойгир мебошад, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо назардошти нақшаи меъморӣ дар масоҳати 2,35 гектар бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ноҳия бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд карда шудааст. Ба таъкиди масъулин, корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ҶСК “Спестехника” тайи қариб як сол бо ҷалби беш аз 60 мутахассис ва сохтмочиёни маҳаллӣ ба анҷом расонидааст.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо назардошти Нишон ва Парчами давлатӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг бунёд гардида, баробари мавриди истифода қарор гирифтанаш ба ҳусни ноҳия зебогии дигареро зам намудааст.

Ҳамчунин, дар ин макони зебову обод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо баландии 24 метр қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд. Нишони давлатӣ бо назардошти эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ бунёд гардидааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз боғи мазкур дар шафати Нишони давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо баландии 53 метр қомат афрохтааст, ба истифода доданд. Ба иттилои масъулин паҳноии Парчами давлатӣ 7 ва дарозиаш ба 14 метр баробар аст.

Аснои шиносӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия баҳои балад дода, қомат афрохтани Нишон ва Парчами давлатиро дар маркази ноҳия барои баланд бардоштани ҳиси ифтихормандии насли ондасози кишвар иқдоми саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Лозим ба таъкид аст, ки Боғи фарҳангӣ ва фароғатии ноҳияи Ховалинг бо ҷойгиркунии пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар боғи мазкур ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони ноҳия 58 адад чароғакҳои равшанидиҳанда, як фаввора, айвон, 30 курсӣ барои нишасти истироҳаткунандагон, 3 адад тунелҳои бо чароғакҳои ранга муҷаҳҳаз гардонидашуда, инчунин 500 адад обпошакҳо барои сабзу хуррам гардонидани майдони иншоот насб карда шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти лоиҳаи иншоот дар дохили боғ дар масоҳати умумии 7,5 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сохта шуда, майдони 18 ҳазор метри мураббаъ сабзапӯш карда шудааст. Ба хотири зебогии боғ инчунин 200 ҳазор гулҳои мавсимӣ ва 400 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Шабона низ боғи мазкур зебогии ба худ хос дошта, сокинону меҳмонон метавонанд озодона дар он сайругашт намуда, истироҳату фароғат намоянд. Зеро ки Боғи фарҳагӣ-фароғатӣ дар шафати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд шуда, имконияти таъмин намудани фароғати сокинони ноҳияро шабонгаҳ низ дорад. Бо назардошти ин, боғи мазкур туҳфаи арзанда ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ховалинг мебошад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика