Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг

 

6437-уми август дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутиро расман ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, корҳои сохтмонӣ дар он бо маблағи 1,2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар мутахассисон ва коргарон аз ҳисоби ҷавонони маҳаллаҳои аҳолинишини деҳоти Лоҳутӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар таҳхонаи бинои Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутӣ таҳлилгоҳ, ҳуҷраи физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи дандонпизишк ҷойгир карда шудаанд. Дар ошёнаи 1-ум бошад, утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои хатна, муоинаи ултрасадоӣ, ҳуҷра барои ташхиси бемориҳои занона ва қайдгоҳ мавҷуд мебошад. Инчунин ҳуҷраҳои табиби оилавӣ, табобати рӯзонаи калонсолон ва кӯдакон бо 13 кати хоб дар ошёнаи 2-юми бино пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони ин деҳаро шоистаи таҳсин хонда, аз кормандони соҳаи тиб даъват намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва шароите, ки дар ин беморхона муҳайё карда шудааст, хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтару хубтар ба роҳ монанд ва дар таъмини солимии ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузоранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика