Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани тарабхонаи «Насими Балҷувон»

634

6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон тарабхонаи замонавии «Насими Балҷувон» -ро, ки дар доираи истиқболи сазовор аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби бародарони соҳибкор аз оилаи Неъматовҳо сохта шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Тарабхона аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт метавонад ба 200 нафар хизмат расонад. Масоҳати умумии иншооти сохташуда 20 садяк заминро ташкил намуда, масоҳати зери бино бошад 345 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи «Насими Балҷувон» соли 2018 оғоз гардида буд ва бо ҷалби зиёда аз 50 нафар сохтмончиёну мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом пазируфт.

Ҷиҳати зебову назаррабо гардидани саҳни ҳавлии тарабхона бошад масоҳати беш аз 1500 метри мураббаъ сафолакпуш гардида, 50 адад дарахтони гуногуни сояафкан шинонида, атрофи он сабзазор гардидааст. Лоиҳаи иншооти мазкур аз тарафи ҶСК «Корезлоиҳа» тахия шуда, дар рафти сохтмон масолеҳи хушсифати ватанӣ истифода гардидааст.

Тарабхонаи тозабунёд дар беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия саҳми назаррас дорад. Зеро бо ба фаъолият шуруъ намудани он беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Толорҳои кушоду барҳавои тарабхонаи замонавии «Насими Балчувон» барои баргузории тую маъракаҳои сокинони ноҳия ва деҳаҳои атрофи он мувофиқ аст.

Акнун сокинон метавонанд бо истифода аз чунин шароити бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз тарафи соҳибкорони бо нангу номуси ноҳияи Балҷувон барояшон фароҳамгардида самаранок истифода баранд ва маъракаҳои хешро дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намоянд.

Хабар дода шуд, ки ин нахустин тарабхонаи замонавӣ дар ноҳияи Балҷувон маҳсуб меёбад, ки дар доираи иқдомоти созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба онҳо бунёд ёфтааст.

Ҳангоми ворид гардидан ба саҳни ҳавлии тарабхонаи «Насими Балҷувон» аз тарафи рост ва чап ду фавораи зебо ба назар мерасад, ки бо услуби хоса сохта шудаанд. Инчунин ба хотири бо об таъмин намудани иншоот ва сокинони атроф бо кандани як чоҳи амудӣ аз чуқурии 61 метр оби тозаи ошомиданӣ бароварда шуд.

Ҳангоми ошноӣ пайдо намудан аз шарту шароити тарабхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, соҳибкорони ватандӯстро ба чунин корҳои ободонӣ ҳодият намуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика