Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои боғчаи кӯдакон дар ноҳияи Балҷувон

631Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бинои навбунёди боғчаи кӯдаконро, ки дар заминаи кӯдакистони рақами 1-и ноҳия сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз ду ошёна иборат мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ иборат буда, қабати дуюм аз синфхонаҳо, утоқи роҳбарият, машваратгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Корҳои сохтмонии бинои кӯдакистон моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии бинои сохташуда 535 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Акнун баъд аз ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур мушкилоти фарогирии кӯдакон дар ноҳия бартараф шуда, имкониятҳо барои қабули онҳо бештар гардид. Зеро агар то ба ин дам дар кӯдакистон ҳамагӣ 2 гурӯҳ фаъолият дошт, акнун баъд аз истифодаи бинои нав 6 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта хоҳанд шуд. Яъне ин маънои онро дорад, ки дастури Пешвои миллат, ҷиҳати фарогирии кӯдакон то 30 фоиз ба муассисаҳои томактабӣ дар сесолаи баъдӣ босуръат амалӣ гардида истодааст.

Фармоишгари бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба ҳисоб рафта, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудааст. Тарҳу симои дохил ва берунаи бино бо ҳар гуна аксҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфта, атрофи он бо гулу дарахтони ҳамешасабз зебо гардонида шудааст.

Зимни боздид аз кӯдакистон Пешвои муаззами миллат, аз иҷрои корҳои анҷомёфта ва дар муддати кӯтоҳ ба истифода супоридани он изҳори сипос намуда, ба мураббиёну маорифчиёни ноҳия дастуру супоришҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Балҷувон сохтмони боз якчанд кӯдакистони наву замонавӣ идома хоҳад ёфт.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика