Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани гулгашт дар маркази ноҳияи Балҷувон

6286-уми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон, ҳамчунин дар маркази ноҳия гулгашти муосирро, ки бо тарҳ ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он дар масоҳати умумии 80 сад як доман густурдааст.

Дарозӣ ва паҳноии гулгашт бошад, 450 ба 20 метр мебошад. Бино ба иттилои масъулон ин ягона макони истироҳатиест, ки аз ҷониби соҳибкорон ва дастгирии мардуми бонангу номуси ноҳияи Балҷувон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонии гулгашт, ҳанӯз моҳи августи соли 2018 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расидааст.

Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш гардида, дар дохил ва атрофи он 88 чароғаки муосир ва 24 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидааст, ки хусусан шабонгоҳ барои гаштугузори сокинон мусоидат аст. Ҳамзамон дар инҷо ба хотири зебою дилкаш гардидани гулгашт, беш аз 4 ҳазор дарахтони ороишию сояафкан ва беш аз 7 ҳазор гулҳои мавсимию доимӣ шинонида шуда, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудааст.

Зимни боздид аз корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар гулгашти марказии ноҳия Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Қобил ба зикр аст, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлтӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Балҷувон боз бунёди чунин гулгашту майдонҳои истироҳатӣ дар назар дошта шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика