Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувон

625

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ нахуст дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 60 метр ба воситаи насосҳои махсуси обкашӣ бароварда шуд ва аз он 4 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашти ноҳияи Балҷувон истифода хоҳанд бурд.

Дар қитъаи обтаъминкунӣ барои таъмини саривақтии оби ошомиданӣ ба аҳолӣ насосҳои пурқуввату баландсифати обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида насб карда шуд ва тариқи он об ба ду ҳавзи захиравӣ тақсим мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки сокинони 3 деҳаи ноҳияи дурдасти мамлакат аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд.

Дар партави дастгирӣ ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мушкилоти мавҷудаи сокинони Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашт бартараф карда шуд ва акнун сокинон аз оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мебаранд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардид ва барои саривақт ва дар муҳалати муаяншуда анҷом ёфтани он 50 нафар мутахасссис ва коргарони маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки давоми солҳои охир дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат, татбиқи барномаҳои нави соҳавӣ ба 8 деҳаҳои дурдасти ноҳияи Балҷувон хати оби тозаи ошомиданӣ гузаронида шуда аз рӯи нақша корҳои лоиҳакашии таъмини хати оби нӯшокӣ дар чанд деҳаи дигар идома дорад.

Татбиқи «Даҳсолаи нави байналмилалии амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028 ва дигар ташаббусҳои шоистаи сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ меёбад.

Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика