Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Маҷмааи сайёҳии «Арху» -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

624Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 августи соли равон дар дараи Ромит Маҷмааи сайёҳии «Арху» -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро бо дорои меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Меҳмонхонаи навбунёд аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 500 нафар мавҷуд мебошад, ки бо тамоми шароити замони муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар бошад барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.

Меҳмонхона имкон дорад, ки дар як вақт ба 70 нафар хизмат расонад. Дар дохили ҳуҷраҳои он ҳаммом бо буғи хушк ва тар, сауна ва таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Лоиҳаи меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби КВД Лоиҳакашӣ, истеҳсолӣ, меъморӣ ва банақшагирии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат таҳия шуда, дорои 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс) мебошад. Ҳуҷраҳои истироҳатии меҳмонхонаи тозабунёд, ки дар доираи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат ва ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст, кушоду барҳаво буда, яке аз дигаре бо шарту шароит ва тарҳи хоса фарқ мекунанд.

Аснои шиносоӣ бо шароити ин меҳмонхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар деҳоти дурдаст муҳайё намудани чунин шароити истироҳату фароғат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тасмими онҳоро намунаи ибрат хонданд.

Тибқи маълумот рафти сохтмони меҳмонхона таҳти назорати ҷиддии мутахассисони баландихтисос қарор дошт ва дар бунёди он маҳсулоти ватании баландсифат истифода шудааст, ки барои солиёни зиёд ба сокинону меҳмонони кишвар хизмат намудан мусоидат менамояд.

Бинои дуошёнаи қадима, ки дар шафати рости дарё бо расму русум ва анъаноти ноёгони миллати тоҷик дар масоҳати 168 метри мураббаъ бунёд шудааст, аз хусусияти дигари маҷмааи мазкур маҳсуб меёбад. Деворҳои дохили бино бо сару либос, ҳунарҳои дастӣ аз қабили асбобҳои рузгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ба таври зебо оро ёфтааст. Акнун бо истифода аз ин хонаи ба таври тоҷикона оро ёфта меҳмонони дохиливу хориҷӣ метавонанд аз урфу оддат ва шароити зисту зиндагонии мардуми тоҷик дар замонҳои гузашта ошноии бештар пайдо намоянд.

Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Маҷмааи сайёҳии «Арху» моҳи апрели соли 2018 дар доираи аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оғоз гардида буд ва дар давоми беш аз 1 сол аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби зиёда аз 300 нафар кормандону мутахассисони ватанӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сатҳу сифати баланд ба итмом расид.

Шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, ва ду толори сақобозӣ, ду ҳавзи шоноварӣ, майдончаи теннис имкон фароҳам месозад, ки вақти мизоҷон хушу хотирмон гузарад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 70 километр дуртар дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат қарор дорад ва масоҳати умумияш 23 гектарро дар бар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ҳангоми сохтмони ин маҷмааи сайёҳӣ 12 айвонча барои суҳбати истироҳаткунандагон ба инобат гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби устоҳои бомаҳорати тоҷик бо нақшу нигори миллӣ ва кандакорӣ дар чуб моҳирона сохта шудаанду ба кас ҳаловати дигар мебахшанд. Дар ин ҷо ба масофаи 300 метр ҷӯй ва пайраҳаҳо бо сангҳои табиии кӯҳҳои минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат оро ёфтаанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад.

Ҳамзамон ба хотири зебову назаррабо гардидани атрофи маҷмааи наву замонавӣ масоҳати 10 гектар замин сабзазор гардида, зиёда аз як миллион гулҳои ҳархелаи доимиву мавсимӣ бо тарҳи гуногун шинонида шудаанд. Масоҳати сафолакпӯшшудаи ҳудуди маҷмаа 1000 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дарахтони мевадиҳандаву ороишии ҳудуди Маҷмааи сайёҳии «Арху», ки иборат аз арча, мажавелник, кипарис, себу нок, оличаву зардолу ва ғайра мебошад, аз ҳазор зиёд аст.

Ифтитоҳи ин маҷмааи замонавӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамгардонии имконоти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷии ин минтақаи зебоманзари кишвар ба ҳисоб меравад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шарту шароити маҷмааи навбунёд, ба корҳои ободонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки идомаи чунин тадбирҳои созанда дар ҷалби ҳарчи бештари ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика