Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе

334

Субҳи рӯзи 27-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи мазкур дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.

Боғи «Низомидин Алишер Навоӣ» дар майдони 2,23 гектар доман густурда, он пурра ба талаботи замони кунунӣ мувофиқ карда шудааст.

Дар ин боғ дарахтони ороишиву ҳамешасабз, аз қабили магнолия, кипарис, ардач, клион, сиквой ва ғайра шинонида шуда, ҳамчунин дорои гулу буттаҳои рангоранг мебошад. Ба сарони давлаҳо иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии дарахтони навшинонидашуда дар ин боғ 600 бехро ташкил дода, маҷмуан майдони 14 ҳазор метри мураббаъ майсазор карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур дар асоси Амри Президети мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5-уми марти соли 2018 «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ шуда, дар он ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҷассамаи мутаффакирони барҷастаи ин ду миллати бо ҳам дӯсту ҳамсоя Нуриддин Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта шудааст.

Дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз рӯйи муҷассама парда бардошта, ба хотири арҷгузорию эҳтиром ба гузаштаи хеш ва гиромидошти хотираи неки ин ду абармарди таърихӣ дар пояи муҷассама гулчамбар гузоштанд.

Муҷассамаи шоирон аз рӯйи лоиҳаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафур Ҷӯраев чун рамзи маърифат дар болои ҳафт зина сохта шуда, он лаҳзаи муҳокимаи асари тозаэҷоди Алишер Навоиро бо устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ таҷассум мекунад. Таҳкурсии муҷассама бо санги мармар оро ёфтааст ва дар он нақшу нигори хос ба ҳарду миллат ҳаккокӣ гардидааст.

Атрофи муҷассама ва дигар роҳравҳои боғ пурра сафолакпӯш шудааст ва тӯлонӣ хизмат намудани он кафолат дода мешавад.

Бунёди чунин боғи замонавӣ ва дар он гузоштани муҷассамаи муттафакири барҷаста Низомиддин Алишер Навоӣ баёнгари хислати неки инсонӣ, башардӯстиву сулҳпарварӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба гузаштаи хеш аст.

Барои фароҳам овардани шароити мукаммали истироҳату фароғат дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» 80 адад нишастгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза насб карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин боғ қаҳвахона бо фароҳам овардани 50 ҷой барои нишаст бунёд шудааст, ки он дорои таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ мебошад.

Дар қисмати дигари боғ майдонча барои бозии кӯдакон ташкил гардида, дар он таҷҳизоти зарурӣ барои дилхушию истироҳати наврасон насб карда шудааст.

Барои машғул шудан ба обу тоби бадан бошад дар боғ ду нуқтаи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои варзишӣ мавҷуд аст.

Шабона ҳудуди боғ пурра чароғон буда, барои сайру саёҳат ва фароғату истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт басо мусоид аст. Дар маҷмуъ дар ин боғ беш аз 200 поя барои васли чароғҳои равшанидиҳанда насб карда шудааст.

Дар маҷмуъ ба ороиши боғ бо истифода аз дарахтони гуногуни ҳамешасабз, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва ҷобаҷогузории нишастгоҳҳову дигар инфрасохтори боғ аз ҷониби сарони давлатҳо баҳои баланд дода шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зебову дилфиреб нигоҳ доштани боғ ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/sets/72157695939766650/with/44945231071/




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика