Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Коллеҷи технологӣ - фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон

2876 сентябри соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи “Асадулло Ғуломов” - и шаҳраки Ёвон дар вазъияти тантанавӣ бинои Коллеҷи технологӣ-фармасевтии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти муҳими соҳаҳои маорифу тандурустӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов дар доираи дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 23 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Коллеҷ аз ду бинои 5-ошёна иборат буда, дар он 60 синфхонаи таълимӣ, 8 утоқи корӣ барои омӯзгорон, 8 утоқи кории мудирони кафедра, 8 маҷлисгоҳи хурду калон, 6 озмоишгоҳ, 2 китобхона, ошхона, бойгонӣ ва майдончаи варзишии тобистонаю зимистона сохта шудаанд.

Айни ҳол қабули омӯзгорон ва донишҷуён ба коллеҷ идома дорад. Дар ин ҷо 1440 нафар донишҷӯ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2016 дар доираи сафари кории Президенти мамлакат дар ноҳияи Ёвон ва зимни ба истифода супоридани корхонаи истеҳсоли гаҷкартон, бинобар сабаби зиёд шудани корхонаҳои азими саноатӣ зарурати бунёди Коллеҷи техникӣ-технологӣ пеш омад.

Ҳамон вақт Сарвари давлат соҳибкоронро ба бунёди коллеҷи муосир ва дар ин замина, тайёр кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй барои корхонаҳои саноатии кишвар ҳидоят карда буданд.

Ҳамин тавр бо ҳидояти Пешвои миллат корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, августи соли 2018 анҷом ёфтанд.

Дар вақти бунёди коллеҷ аксари масолеҳи сохтмонӣ аз худи корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр” таъмин карда шуда, таҷҳизот ва лавозимоти таълимӣ барои муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо аз истеҳсолкунандагони ватанӣ харидорӣ гардидаанд.

Коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр” нақша доранд, ки оянда барои мукаммал кардани пойгоҳи Коллеҷи техникӣ- фармасевтии Тоҷикистон дар шафати он бо бунёди коргоҳи замонавӣ техника ва таҷҳизоти дорусозӣ ворид намоянд.

288

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/sets/72157670964401017/with/44460027212/

Баъди ифтитоҳи Коллеҷи технологӣ-фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таълимӣ бо устодону донишҷӯёни коллеҷ ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика