Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ

1164 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки “Мо ба ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар некбин ҳастем ва бовар дорем, ки дар партави ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамдигар ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи арсаҳо ноил хоҳем шуд”.

Аз робитаҳои бародарӣ ва мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олии ду кишвар, заминаи мустаҳками сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои рушди амалии ҳамкорӣ дар арсаҳои тиҷорат, иқтисод, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт шароитҳои мусоид фароҳам мебошад.

Ҷонибҳо ҷоннок кардани кори Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникиро барои ҷалби сармояи Қатар дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд. Дар ин робита истифодаи иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ ва технологии Қатар ҳамчун омили муҳимми рушди устувори кишварҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ номида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб оид ба ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бо хатарҳои даҳшатбор табодули андеша намуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика