Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар

 

1154 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбарро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки айни замон ҳамкории кишварҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҷараёни мусбатро касб кардаанд ва мо ҷонибдору ҳавасманди густариши равобити гуногунҷанба бо Ҳиндустони дӯст ҳастем.

Татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, илму технология, сайёҳӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳангию гуманитарӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба номида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо татбиқи бештари тарҳҳои зербиноии миллию минтақавии худ, ба хусус дар ҷодаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард, нерӯгоҳҳо, таъсиси бозорҳои наздисарҳадӣ талош меварзад.

Таъсиси корхонаҳои муштарак, дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулотҳои ватанӣ, аз ҷумла намак, шакар, шарбатҳои гуногун, коркарди мева, сабзавот ва маъданҳои гуногун, фармасевтика барои рушди иқтисодиёти кишварҳо судовар арзёбӣ карда шуд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои илм, маориф, фарҳанг, соҳаҳои туризм ва синамо аз имконитҳои дигари фаровони муносибатҳои дуҷониба маънидод гардид.

Зимни мулоқоти самимӣ ҳар ду ҷониб доир ба мавқеъи кишварҳо оид ба ҳалли масъалаҳои мубрам дар самти аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амнияти минтақавӣ, ҳалли қазияи Афғонистони ҳамсоякишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

Дар ҷамъбасти мулоқот Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар иброз дошт, ки “Ҳиндустон шарики табиӣ ва боэътимоди Тоҷикистон буда, роҳбарияти олии кишвари мо нақши калидии Шуморо дар роҳи пешгирии терроризм эътироф менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳ ва сарҳадоти набард бо ин зуҳуроти нангин қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон саҳми бориз ва талошҳои пайвастаи пурсамари Шумо Ҷаноби Олиро, ки минтақаро аз ин вабои сирояткунанда раҳоӣ бахшидед, арзишманд дониста, бо итминон таъкид менамояд, ки Тоҷикистон наҷотбахши на танҳо минтақаи Осиёи Марказӣ, балки фаротар аз он то кишварҳои Каспий ва Баҳри Сиёҳ мебошад”.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика