Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф

109Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот доир карданд.

Ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба суҳбати судманд анҷом доданд.

Зимни суҳбат ба татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи робитаҳои фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид карданд, ки сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар ин ҷода орӣ аз “меъёрҳои духӯра” буда, дар ҳамаи сатҳҳо ба таври созандаву шаффоф пеш бурда мешавад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки масоили мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ аз қабили терроризму ифротгароӣ ва радикализми динӣ дар сархати чунин сиёсати давлати мо қарор доранд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика