Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ

106Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ ба роҳбарияти он дастуру супоришҳои созанда доданд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо заминҳои наздиҳавлигии Бонки миллӣ, Кохи Ваҳдат ва дигар иншооти шафати кӯчаи марказии хиёбони Рӯдакӣ барои бунёди гулгашти замонавӣ, шинонидани гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ, чароғонкунӣ, сохтмони фаввораҳои зебо ва насби курсиҳо дар ин ҷо ҳидоятҳо доданд.

Баъди бунёди гулгашти нав, ки дар як ҷойи хеле мувофиқ бо дастури Пешвои миллат сохта мешавад, барои сокинону меҳмонони пойтахт макони дилфиреби сайру гашт муҳайё мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатии пойтахтро ба сифати баланди корҳо ва иҷрои тадбирҳои ободонии муҳит бо завқи баланди зебоипарастӣ ҷалб карданд.

Бунёди боз як гулгашти нав дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои шаҳрвандони мамлакат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат мебошад ва он имкон медиҳад, ки Душанбе дар ҳақиқат ба шаҳри гулҳо мубаддал гардад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика