Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз мавзеи бунёди Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе

104Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар боғи Сангини шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мавзеи бунёди ангоравии Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» боздид ба амал оварданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғи Сангин, ки дар он Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои зебову назаррабо гардондани атроф, гулгаштҳо ва роҳравҳои назди Маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд.

Имрӯз барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин макон ба мавзеи сабзу хуррам табдил дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз мавзеи сохтмони Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» изҳор доштанд, ки иншооти нав бояд бо санъати баланди меъмории миллӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шавад. Зеро Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар оянда ба макони таърихӣ, зебову дилфиреб ва сайру гашти сокинону меҳмонони пойтахт табдил хоҳад ёфт.

Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30 - солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, бедор сохтани ҳисси ватанпарастӣ дар қалби ҷавонон арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва комил гардондани истироҳату фароғати сокинони пойтахт тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамояд.

Бо сохта ба истифода додани Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» боз як гӯшаи шаҳри Душанбе ободу зебо мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва сохтмончиён барои анҷоми корҳои босифат дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин изҳор доштанд, ки дар оянда низ бо вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, сабзгардонӣ ва фароҳам сохтани шароити аз ин беҳтар барои сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар мавзеи Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони нодири сояафкан шинонида шуда, ин ҷо ба макони назаррабо табдил дода мешавад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика