Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

101Рӯзи 2 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд.

Дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, ки дар қисми ғарбии Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии гулгашти мазкур наздики 3 гектарро ташкил медиҳад.

Фармоишгар Корхонаи Воҳиди Давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва пудратчӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Озодӣ ва компания” мебошанд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо аз моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, дар рафти бунёд то 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Аз руи маълумоти мутахассисони ширкати сохтмонӣ гулгашт мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо дизайни хеле замонавӣ бунёд карда мешавад.

Майдони қариб 1 гектар замини гулгашт кабудизор карда шуда, сохтмони фаввораҳои гуногун, чароғонкунӣ, шинонидани сафолакҳои ранга дар масоҳати 16 ҳазор метри мураббаъи роҳравҳо, бунёди майдончаҳои бозии кӯдакона, қаҳвахонаи тобистона, гузоштани 60 адад курсиҳо ва таъмини дигар инфрасохтори зарурӣ дар назар аст.

Баъди муаррифии лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дарахти каштан шинониданд.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми бунёди ин гулгашт, ки дар як ҷойи хеле мувофиқу маркази хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст, ҳанӯз аз ҷараёни як маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд. Ҳамон вақт роҳбарони аксар вазоратҳо, кумитаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ уҳдадор шуданд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа, шукуфоии диёр ва ободонии пойтахти кишвар саҳми муносиб мегузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиён онҳоро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят карданд.

Бояд гуфт, ки тайи як соли охир бо бунёди иншооти гуногун, майдончаҳои бозии кӯдакона, варзишгоҳҳои муосир ва дигар корҳои ободонӣ аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт шаҳри Душанбе хеле ободу зебо гардид.

Мақсад аз бунёди гулгашт дар хиёбони Рӯдакӣ низ идомаи ҳамин корҳои созандагӣ мебошад.

Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд кардани чунин марказҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинон ва меҳмонони хориҷӣ ба манфиати кор аст.

Имсол ҳамчунин шаҳри Душанбе чун солҳои қаблӣ макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатӣ бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ дастур доданд, ки дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва маркази шаҳру ноҳияҳои пойтахт барои боз ҳам зебо шудани муҳити атроф гулу буттаҳо ва дарахтони зебои ороишӣ шинонанд.

Тавре маълум аст, солҳои охир бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони соҳа аз кишварҳои хориҷ дарахтони акатсия, павлония, каштан, клеон, липа, секвоя, пихта, кедр, ел, канзан, берёза, магнолия, тис, олу, буттаҳои сиренаи ҳиндӣ, кипарис, садбаргу лолаҳои ранга ва дигар намуди ниҳолҳои дарахтони ороишию ба саломатии инсон фоидаовар ворид кардаанд.

Ҳамаи ин гулу буттаҳо ва дарахтони ба Тоҷикистон воридгардида ба иқлими боду ҳаво ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон мутобиқ мебошанд ва айни ҳол боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакатро зебу зиннат медиҳанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика