Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими имзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб

7722 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Ҳамин тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид.

Дар маросими имзои ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Мигел де Серпа Суарес ҳамроҳӣ намуд.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан, ҳукми қонунӣ гирифт.

Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017 - 175 давлати олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии конвенсия мебошанд. Баъди ҳуқми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати сиёсати дарҳои боз ва талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз ҷумла СММ гардидааст.

Бо ин Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ҳамчун узви фаъол саҳми муносиб ва пешоҳанг дорад.

 

http://www.president.tj/node/17335




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика