Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо Сафири давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

345

Рӯзи 2-юми декабри соли 2019 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдулло баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдулло барои кӯмаку дастгириҳои ҳамаҷониба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдории самимӣ намуд.
Қайд гардид, ки ин ҳамкориҳо аз муносибатҳои дӯстонаи Роҳбарони ҳарду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки саҳми давлати Қатар дар мубориза бар зидди терроризм назаррас буда, барои пойдории сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ саъю кӯшиш намуда истодааст, ки ин шоистаи таҳсин мебошад.
Ҷаноби Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдулло дар навбати худ зикр кард, ки давлати Қатар кӯшиш менамояд, ки ин ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар шаванд. Зеро мардуми Тоҷикистон ва давлати Қатар бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.

348347

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор гирифтанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика