Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мероси фарҳангӣ

Зоркӯл - Зоркӯл - яке аз кӯлҳои Тоҷикистон мебошад. Кӯли Зоркӯл дар кӯҳистони шарқии Помир дар ноҳияи Мурғоб ва ноҳияи Ишкошим)воқеъ аст. Зоркӯл аз шарқ то ба ғарб дар масофаи — 25 км тӯл кашидааст, масоҳаташ — 87 700 (га). ....
22.07.2020 14:23 1334


Хуҷанд маркази сиёсӣ-маъмурии вилояти Суғд аст. Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ шаҳри дуюми Тоҷикистон мебошад. Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази тиҷорат машҳур ва аз инҷо «Роҳи бузурги абрешим» мегузашт, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард. ....
22.07.2020 14:19 1133


Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, бо гузашти солҳо ин мавзеъ, атраксионҳо ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти дилхушии кӯдакон корношоям гардида, ба навсозии пурра эҳтиёҷ доштанд.Ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни ....
26.06.2020 08:52 1037


Дар соли 1999 дар майдони Дӯстӣ дар (собиқ майдони ба номи Ленин ва "Озодӣ"), дар қисми марказии ноҳияи маъмурии Исмоили Сомонии ш. Душанбе, ба муносибати таҷлили 1100 - солагии ҷашни давлати Сомониён - аввалин давлати тоҷикон, "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ....
26.06.2020 08:41 1460


Китобхонаи миллии Тоҷикистон - муассисаи давлатии фарҳангии Тоҷикистон мебошад. Китобхона 20 марти соли 2012 ба ҷойи Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар ш. Душанбе таъсис дода шудааст.Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ ....
26.06.2020 08:34 2544


Истаравшан (форсӣ: استروشن‎) — маркази ноҳияи Истаравшан ва яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Курушкада, Киропол (Кирэсхата), Уструшана, Суйдуйшана, Ӯротеппа баъзе аз номҳои пештараи ин шаҳр буданд. Истравшан аз рӯи шумораи аҳолӣ 59 900 (2015) дуюмин ....
27.05.2020 09:40 1579


Варзоб — шохоби рости дарёи Кофарниҳон мебошад ва аз дарёи Зидде сарчашма мегирад.Дарёи Варзоб аз дохили пойтахти Тоҷикистон ш. Душанбе ҷорӣ мешавад (бинобар ин номи ғайрирасмиаш — Дарёи Душанбе ё Душанбедарё низ аст). Дарёи Душанбе дар натиҷаи ба ҳам пайвасташавии ....
27.05.2020 09:39 1299


Чойхона - ин ҷоест, ки дар онҷо одамон чой менӯшанд. Дар чойхонаҳои замонавӣ ба ғайр аз чойнӯшӣ боз ҳӯрокҳои гарм, одатан оши паловро пешкаш мекунанд. Чойхона воқеан дар шаҳрҳои куҳан ва деҳу деҳаҳои мамолики Шарқ як мактаби бузурги одаму одамгарист. ....
27.05.2020 09:36 1104


Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст (меъморон Б.А.Зуҳурдинов, А.М.Шербинин, ҳайкалтарош Д.Б.Рябичев). Тибқи нақшаи асосии шаҳри Душанбе барои маҷмааи ёдгории «Модар-Ватан» (дар ҳуҷҷатҳо ҳамин тавр номида шудааст) дар қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе минтақаи ....
28.04.2020 11:22 1185




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика